Асосӣ:
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1157
mod_vvisit_counterДирӯз2578
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5835
mod_vvisit_counterДар ин моҳ53522
mod_vvisit_counterҲамагӣ1696845
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
26
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Саммити Душанбе ҳамчун марҳалаи нав ва тақдирсози низоми МҲТБО

26.06.2019

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 05.10.1992 дар Маҷмаи Умумии 47-уми СММ бо ибтикори Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба миён омадааст. СММ таклифи Назарбоевро дастгирӣ намуд ва ҳамин тариқ дар қитъаи Осиё машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ташкил гардид.

Рушди устувори кишварҳоро бе ҳамгироӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Рушди нобаробари сатҳи иқтисодии кишварҳо, хатари ҷанги ядроӣ, низоҳои иттилоотӣ,ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароии динӣ, масоили экологӣ бахше аз мушкилои умумии ҷаҳонӣ башумор мераванд. Осиё яке аз қитъаҳои калонтарин ба ҳисоб рафта, якчоя бо Аврупо Авруосиёро ташкил медиҳад, ки дар маркази омӯзиши геополити кӣ қарор дорад.

Ба андешаи мо, маҳз дар ҳамин давраи афзоиши низоъҳои мухталифи сиёсию иқтисодии сатҳи глобалӣ раёсати МҲТБО-ро ба душ гирифтани Тоҷикистон кори бениҳоят масъулиятнок буда,

Муфассал...
 
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш

26.06.2019

25.06.2019, ноҳияи Лахш

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Сараввал ҳамаи шумо, сокинони заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, табрик мегӯям ва барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми шумо саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.

Имрӯз мо бо вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия шинос шуда, аз он қаноатманд гардидем, ки сокинони ноҳияи Лахш дар ҷодаи истиқболи арзандаи ҷашни бузурги 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва азми қатъӣ заҳмат кашида истодаанд.

Муфассал...
 
Суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод

25.06.2019

25.06.2019, ноҳияи Тоҷикобод

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини арҷманд!

Баъд аз ду рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои орому осуда ва бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат, сокинони сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.

Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди воқеан муҳимми таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ба шарофати он мо тавонистем давлатамонро аз вартаи нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, кишвари дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ харобгаштаамонро эҳё ва рушди минбаъдаи онро таъмин намоем.

Муфассал...
 
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод

25.06.2019

24.06.2019, ноҳияи Нуробод

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси ифтихору сарбаландии ҳар яки мост, ки кишвари азизамон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, ҳоло барои зиндагии орому осуда ва заҳмати созандаи сокинони мамлакат, инчунин, баргузор намудани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

Ҷашни ваҳдати миллӣ низ, ки рӯзи 27-уми июн таҷлил мегардад, дар радифи санаҳои хеле муҳимму таърихии даврони соҳибистиқлолии кишварамон қарор дорад.

Бо истифода аз фурсат, сокинони ватандӯсту заҳматпешаи ноҳияи Нуробод ва ҳамаи шумо,

Муфассал...
 
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Сангвор

25.06.2019

24.06.2019, ноҳияи Сангвор

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо — роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми меҳмоннавозу шарафманди ноҳияи хушманзараи Сангвор дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ сурат мегирад.

Ба ин муносибат хурду бузурги ноҳияро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.

Бисту ҳашт сол аст, ки мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Сангвор ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди босуботи кишвари маҳбубамон аҳлона заҳмат мекашанд.

Ҳарчанд ки аз замони таъсис ёфтани ноҳияи Сангвор ҳамагӣ беш аз ду даҳсола сипарӣ мешавад, вале боиси хушҳолист,

Муфассал...
 
Ба муносибати 22-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

25.06.2019

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АРЗИШИ ВОЛОТАРИН

Роҳи пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози музокирот бо мухолифин зарфи 22-соли сипаришуда дурустии худро исбот намуд. Тай кардани ин роҳ барои Тоҷикистон осон набуд. То оғози музокирот як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт, яке Конститутсияи Тоҷикистон ва дигаре иродаи халқи тоҷик.

Ба ҳамаи душворию маҳрумиятҳо нигоҳ накарда, раванди сулҳу ризояти миллӣ дар Тоҷикистон барои миллати тоҷик мактаби бузурги таърихие буд, ки шаҳрвандон аз он дарси фарҳанги сулҳ, дарси давлатдорӣ омухтанд. Ин таҷриба ва ин сабақи таърих барои садсолаҳост.

Сулҳ дастоварду арзиши миллист, маҳсули хиради волои халқ аст. Бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳиби ба сарватҳои табии ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон руз ба рӯз шиддат ёфта истодааст.

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 96