Асосӣ:
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз826
mod_vvisit_counterДирӯз1323
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2149
mod_vvisit_counterДар ин моҳ18679
mod_vvisit_counterҲамагӣ1007261
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИТТИЛОИЯ

27.11.2017

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 ноябри соли 2017 Мизи гирд дар мавзӯи “Таъмин ва назорати маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:

–назорати сифати маводи доруворӣ;

–вазъи бозори фармасевтии Тоҷикистон;

–саноати фармасевтии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият;

–фарқи маводи дорувории ватанӣ ва хориҷӣ;

–ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони маводи доруворӣ.

 

Дар Мизи гирд олимону мутахассисони дорусоз, намояндагони вазорати тандурустӣ, муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, коршиносони варзида ва хабарнигорони расонаҳои хабарии ватанӣ ширкат меварзанд.

Муфассал...
 
ИТТИЛОИЯ

27.11.2017

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи тартиботи мавҷудаи муҳокимаҳои васеъ оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», 29 ноябри соли 2017 Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор»-ро баргузор менамояд. Ҳадафи баргузории ҳамоиш фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои муҳокимаи касбии масъалаҳои марбут ба мушкилоти об дар кишвар барои давраи дарозмуҳлат дар заминаи ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносони варзида ва хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ ширкат меварзанд.

Замони оғози ҳамоиш: 9.00.

Муфассал...
 
ИТТИЛОИЯ

27.11.2017

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ 28 ноябри соли 2017 Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ” баргузор менамояд. Дар ҳамоиш масъалаҳои арзёбии самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон, ҷанбаҳои назариявию сиёсати хориҷии Тоҷикистон, таъсири равандҳои нави байналмилалӣ ва таҳаввули геополитикии минтақавӣ ба амалисозии сиёсати хориҷӣ ва хусусиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ҳозира мебошад.

Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносони варзидаи масоили сиёсӣ, сиёсатшиносон ва хабарнигорони расонаҳои хабарии ватанӣ ширкат меварзанд.

Замони оғози ҳамоиш: 9.00.

Муфассал...
 
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

27.11.2017

24.11.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Муфассал...
 
Конфронси байналмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи “Кореягиҳои Тоҷикистон: 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80-солагии сукунати кореягиҳо дар сарзамин тоҷикон”

24.11.2017

Имрӯз, 24 ноябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи “Кореягиҳои Тоҷикистон: 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80-солагии сунати кореягиҳо дар сарзамин тоҷикон ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони кишварҳои Корея, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, коршиносони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватанӣ ширкат доштанд.

Конфронси байналмилалиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, ҳозиринро ба ин нишасти илмиву амалӣ хайрамақдам гуфт. Сипас муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Ву Чёл ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар суханҳои табрикӣ ироа намуданд ва қайд карданд, ки Ҷумҳурии Корея яке аз аввалин давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки 24 апрели соли 1992 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Муфассал...
 
Парчами Тоҷикистон ифодагари истиқлол, нангу номус ва ватандӯстию ҳувияти миллии тоҷикон аст

23.11.2017

Тоҷикон аз аҳди бостон соҳибпарчам буданд. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, баён дошт.

Вакили Парлумони кишвар афзуд, ки агар ба таърихи давлатдории ниёгонамон назар афканем, мебинем, ки тақрибан панҷ ҳазор сол қабл, шурӯъ аз давраи Каёниён аҷдодонамон соҳиби парчам буда, дар даврони шоҳ Заҳҳок бори нахуст Коваи оҳангар бо нишони эътироз ва дифоъ аз озодию истиқлолият пешдомани худро дар нӯги найза баста, парчам мекунад. Дар маҷмӯъ, парчам ифодагари иттиҳоду ҳамбастагии мардум, давлатдорӣ ва ифтихору сарбаландии миллатамон мебошад.

То ҷое мусаллам аст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат дод. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 4 аз 56