Асосӣ:
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз820
mod_vvisit_counterДирӯз1323
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2143
mod_vvisit_counterДар ин моҳ18673
mod_vvisit_counterҲамагӣ1007255
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

04.10.2017 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ “ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

04.10.2017

Дирӯз, 3 октябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмиву амалӣ донишмандони варзидаи риштаи забоншиносӣ, адибони маъруф, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику муборак гуфта, дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол” суханронӣ намуд. Мавсуф кӯшишу талошҳои зиёиёни кишварамонро дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар бобати мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ёдоварӣ намуда, таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар кишварамон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо кард.

Муфассал...
 
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР АВРУОСИЁ

02.10.2017

Чунонки хабар дода будем, 29 сентябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» баргузор гардид. Дар кори Конфронс намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, дипломатҳои сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарияти Котиботи СААД (ОДКБ), Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС) ва инчунин, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат варзиданд.

Ҷаласаи пленарии Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ мавзӯи мушкилоти амниятӣ дар АвруОсиё, омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои навро муҳиму мубрам арзёбӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР АВРУОСИЁ: ТАҲДИДҲОИ УМУМӢ ВА ТАҶРИБАИ МУШТАРАК»

Имрӯз, 29 сентябри соли 2017, соати 9.00, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар кори Конфронс намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, дипломатҳои сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарияти Котиботи СААД (ОДКБ), Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС) ва инчунин, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Ҷаласаи пленарии Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ мавзӯи мушкилоти амниятӣ дар АвруОсиё, омилҳои

Муфассал...
 
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон: сабқати интихоботӣ авҷ мегирад

28.09.2017

То оғози интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзҳои башумор боқӣ монд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ исми 52 нафарро ба қайд гирифт. Рӯзи 7-уми август ҳамин комиссия номзадии 5 довталаби дигарро рад намуд. Онҳо маблағи барои интихобот заруриро сари вақт ҷамъ карда натавонистанд. Мутобиқ ба қонуни интихоботии Ҷумҳурии Қирғизистон шахсони аз 35 то 70 сола ҳақ доранд барои ишғоли мансаби Президентӣ номзадии худро пешниҳод намоянд. Аз шумораи довталабон 5 нафарашон аз санҷиши имтиҳони забони қирғизӣ нагузаштанд.

Бояд гуфт, ки то 16 августи соли 2017 46 довталаб аз имтиҳони забони қирғизӣ тариқи тест гузаштанд, ки аз ин шумора 41 нафарашон соҳиби сертификати донандаи забони давлатӣ гардиданд. Онҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, ки номзадии худро ба Президентии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Комиссияи марказии интихоботӣ ба қайд гиранд. Ҷамъоварии 30 000 имзои тарафдорон ва як миллион соми қирғизӣ, ки ба 22 000 доллар баробар аст, барои номзадҳо ба мансаби Президентӣ ҳатмист. Барои номзадҳо надоштани доғи судӣ ва шаҳрвандии кишвари дигар яке аз шартҳои иштирок дар маъракаи интихоботист. Дар интихоботи дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ашхоси касбу кори гуногун аз қишрҳои мухталифи ҷомеа майли ширкат кардан доранд.

Муфассал...
 
Вахшонзамин – зодгоҳи Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ

Ба ифтихори Рӯзи Мавлоно

Сиву панҷ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш омад ва шабе дар хонаи шоир ва рӯзноманигор, шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил банда низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи Ислом ва Шарқ ҳамсӯҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ӯ изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ»таълиф намуда, ба табъ расонидам. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ қайд гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар дар канораи он –Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рӯ, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ – Баҳоуддин Валад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи вайро Вахшонзамин бинависам. Инак, ба мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан ба диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъоварӣ намоям. Тайи се рӯзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асосноку боварибахш буда, Мавлоно

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 9 аз 56