Асосӣ:
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз826
mod_vvisit_counterДирӯз1323
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2149
mod_vvisit_counterДар ин моҳ18679
mod_vvisit_counterҲамагӣ1007261
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Варақаи матбуотӣ

28.09.2017

29 сентябри соли 2017, соати 9.00, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,40, ошёнаи 2, Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» баргузор мегардад.

Дар Конфронс намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, дипломатҳои сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарияти Котиботи СААД (ОДКБ), Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС) ва инчунин, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат меварзанд.

Дарҳамоиши байналмилалӣ маҷмӯи масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ, аз ҷумла чолишу хатарҳои мураккабу бисёрсамтӣ, ки ба масъалаҳои меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа таҳдид мекунанд, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд.

Муфассал...
 
Таъиноти кадрӣ

26.09.2017 19:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунанда ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонов Акрам бо сабаби ба нафақа баромаданаш, Паноев Суҳроб ва Воҳидов Фарҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихонов Зубайдулло, Мирзоев Нусратулло ва Мирзонаботов Алишер - муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсов Ҷумъахон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Бегназаров Амирбек - муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

 

 
ИСТИФОДАИ ИМКОНИЯТҲОИ «НЕРУИ НАРМ» ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

27.09.2017

Дар «Соли ҷавонон» баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ду паҳлӯи мусбат дорад: якум, барои шинохти зарфиятҳои муосир, ки дар татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат мекунад ва дуюм, барои муайян намудан ва таҳияи роҳҳалҳои мушкилоти муосири ҷавонон шароит ба вуҷуд меорад, ки дар умум барои суботу амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа бисёр муҳим аст.

Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ воситаҳои таъсир ё самт додани афкори ҷамъиятӣ хусусияти комилан дигарро касб намудааст. Таҳлили шароити кунунӣ дар асоси мавҷудияти абзор ва имкониятҳои имрӯзаи иттилоотию технологӣ бинобар сабаби фаъол гардидани ҷомеа мушкилоти муайянро ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ дар шароити имрӯза мудирият ва шакл додани авлавиятҳои шаҳрвандон, хусусан ҷавонон аст.

Дар даҳаи охири асри ХХ аз ҷониби сиёсатшиносони варзидаи дунё дисскурсҳои нав барои ҷаҳони оянда офарида шуданд ва яке аз онҳо консепти «неруи нарм» мебошад, ки барои пиёда намудани манфиатҳои миллии давлатҳои алоҳида дар саросари дунё васеъ истифода мешавад. Зарфияти абзори мазкур хусусияти дурнамоиро дошта, бинобар сабаби дар оромӣ ва бидуни маҷбурӣ «ворид» ё «татбиқ» шуданаш дар натиҷа, ҳамчун маҳсули табиии ҷамъият падидор мегардад ва дар дурнамои миёнмуҳлат ба арзиши иҷтимоии миллат табдил меёбад.

Муфассал...
 
Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт

21.09.2017 20:25, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.

Аз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик” такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда,

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон»

21.09.2017

21 сентябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ, донишмандони сиёсатшинос, собиқадорони соҳаи дипломатия ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимнан қайд кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ хеле бузург аст. Аз ҳамин ҷост, ки сиёсати хориҷии кишвари моро чун сиёсати сулҷӯёнаву бисёрсамта бо номи “сиёсати дарҳои боз” мешиносанд ва Пешвои миллати мо чун як шахсияти маъруфу барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Муфассал...
 
«Афғонистон: чолиш ва таҳдидҳо» - китоби нави Саймуддин Мирзоев

21.09.2017

Китоби муҳаққиқ Саймуддин Мирзоев таҳти унвони «Афғонистон: чолиш ва таҳдидҳо» тавассути нашриёти «Ирфон» дар муҳити иттиллоотии Тоҷикистон бо забони русӣ ба табъ расид. Муаллиф бо шеваи илмӣ ва усули таҳқиқӣ масъалаҳои печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ  ва таҳлил қарор додаст.

Вай зимни баррасии масоили мазкур сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муаррифӣ намуда, роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи хама гуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додаст. Китоби мазкур дар шинохти бархӯрди манфиатҳои бузург ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар кишвари Афғонистон саҳми калидӣ доранд, аҳамияти ҷиддӣ дорад.

Муаллиф дар асоси санадҳои таърихӣ ва далелҳои қавии таҳлилӣ сабабҳои аслӣ ва калидии бурҳони сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нишон дода, изҳор доштааст, ки ин  омилҳо боиси тақвиятёбӣ ва решадавонии таҳдид ва хатарҳои байналмилалии террористӣ гаштааст.

Китоб барои сиёсатшиносону коршиносони, омӯзгорону донишҷӯёнм мактабҳои олӣ  ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

 

 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 10 аз 56