Асосӣ:
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз361
mod_vvisit_counterДирӯз706
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3570
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24934
mod_vvisit_counterҲамагӣ1627548
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд

14.12.2018

Ҳамкории мутақобилан судманд ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки дар сатҳи шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудаанд, дар ҳамаи сатҳҳо назаррас буда, ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва суботу амният дар минтақа мусоидат хоҳанд кард. Ин нукта имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия- кафили рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ» баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Россия» роҳандозӣ карда шуд. Дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносону олимони тоҷик ва рус иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зикр намуд, ки дурнамои муносибатҳои неку шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар ҳамаи соҳаҳо назаррас мебошад. Ин ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ муфид мебошад.

Зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноати кӯҳию металлургӣ, кишоварзӣ, фарҳангу маориф, ҳарбӣ-техникӣ ва муҳоҷират сол аз сол заминаи хуб касб намуда, ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд.

-Ман фикри шуморо ба се самти ҳамкории асосӣ ҷалб мекунам, — гуфт Худобердӣ Холиқназар, — инҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҳарбӣ- техникӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.

«Самтҳои зикршуда барои шарикии стратегӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд ва ҳоло дар сатҳи хеле хуб қарор доранд», — илова намуд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия – 8 апрели соли 1992 то имрӯз зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ ва шартномаҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расида, соли равон аз ин сана 25 сол сипарӣ гардид. Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

Аз моҳи марти соли 2002 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ амал мекунад. Ҷаласаи охир – 15-уми комиссияи мазкур 20 апрели соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор гардид.

Иштирокчиён дар баробари баррасии дигар масъалаҳо дар самти содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Федератсияи Россия сухан карданд.

Зимнан, оид ба ин масъала охири моҳи октябри соли равон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко таваҷҷуҳ намуда буд.

«Мо ният дорем ва тасмим гирифтаем, ки масоили ба тарзи озод ва бемамониат интиқол додани маҳсулоти кишоварзиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҷоди усулҳои пурсамари молиявиро дар аснои ҳисобу китоб бо асъори миллӣ, ки имрӯз аҳамияти махсус касб намудаанд, баррасӣ намоем», – гуфт Матвиенко, навишта буд АМИТ «Ховар» дар истинод ба ТАСС.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир ҳамкории ду мамлакати дӯст дар соҳаи маориф раванди ба худ нав касб намудаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси роҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Тоҷикистон чандин мактабҳои русӣ сохта шуда, ҳоло омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дарс мегӯянд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани ҳамоиш пайдо намудани роҳҳои нави густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи сатҳҳо мебошад.