Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз313
mod_vvisit_counterДирӯз784
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1612
mod_vvisit_counterДар ин моҳ15985
mod_vvisit_counterҲамагӣ1598686
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
24
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018

26.12.2018

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад менамояд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз”, сулҳхоҳона ва беғараз буда, ҳифзи манфиатҳои миллӣ асли онро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар ҷаҳон зиддият ва муқовимати кишварҳои абарқудрат то ҳадди баландтарин тезутунд шуда истодааст. Хусусан, кишварҳои мазкур барои ҳифзи манфиатҳои геоиқтисодӣ ва геостратегӣ дар минтақаҳои манфиатдор, ба хотири мавқеъгирӣ дар бозори ҷаҳонӣ бо ҳар сабабу воситаҳои гуногун бо ҳам дар рақобати рӯёрӯйӣ қарор доранд. Чунин рақобатҳо барои кишварҳои рӯ ба инкишоф мушкилиҳои навро эҷод хоҳад намуд. Кишварҳои мазкур барои нигоҳ доштани тавозуни қувваҳо миёни кишварҳои бузург ва ҳифзи манфиатҳои миллии худ ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мешаванд.

Ба ҳамаи ин мушкилот нигоҳ накарда, Тоҷикистон кӯшиш намуда истодааст, ки дар асоси муносибати бисёрсамта равобит ва сиёсати хориҷиашро ҳифз намояд. Хусусан, дар соли 2018 кишвари мо ба якчанд дастовардҳои муваффақ дар самти мазкур ноил шуд, ки муҳимтарини онҳо чунинанд:

Нахуст, дар доираи чандин ташаббусҳои умумибашарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид. Даҳсолаи мазкур, 22-юми марти соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захирҳои об расман оғоз гардид. Мавриди қайд аст, ки даҳсолаи мазкур бештар ба ҳифзи захираҳои об, сарфакорона истофодабарии он, устуворона ва мувафаққона таъмин ва зиёд намудани дастрасии оби тоза ба кишварҳои танқисӣ дошта нигаронида шудааст. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки айни замон баъзе кишварҳо аз нодуруст истифода намудани корхонаву иншооти саноатӣ ва хориҷ кардани партовҳои нафтӣ ба баҳр, ба иқлиму муҳити сайёра зарар расонда, масъалаҳои экологиро афзоиш дода истодаанд. Бинобар, хело муҳим будани масъалаи мазкур, Сарвари кишвари мо барои пешгирии ин амалҳо Даҳсолаи ояндаро “Об барои рушди устувор” ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки он қобили қабул ва дастгирии умум шуд. Дар баробари ин, ташаббуси мазкур, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шуд, обрӯ ва ҳайсияти мусбати Тоҷикистонро ба сатҳи баландтар бардошт.

Дуюм, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷии худ муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақаи Осиёи Марказӣ сиёсати дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеша намудааст. Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмину субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ медонад. Аз ин лиҳоз, дар ҳама марҳалаҳо Тоҷикистон дар самти равобит ва сиёсати хориҷӣ ғояҳои ҳамкорӣ ва тарҳҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ намудааст. Аз ҷумла, ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (соли 1991), ғояи ташкили Созмони Иқтисодии Осиёи Марказӣ (соли 1998) ва Иттиҳоди Кишварҳои Осиёи Марказӣ мисоли он шуда метавонанд. Тоҷикистон дар кор ва ташкили чандин созмонҳои хусусияти ҳамгироӣ ва дастаҷамъона дошта, иштироки фаъол ва бевосита дошт.

Ҳамчунин, Тоҷикистон яке аз пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев доир ба ташкили сохтори нави Иттиҳоди Давлатҳои Осиёи Марказӣ (соли 2006) –ро дастгирӣ намуда буд. Тамоми ғоя ва ташаббусҳои ташкили созмони ҳамгироӣ, ки тӯли чандин солҳо аз ҷониби кишварҳои минтақаи мазкур пешниҳод мешуданд, одатан бо сабабҳои гуногун дастгирии кофӣ пайдо накардаанд.

Пас аз чандин ташаббусу пешниҳодҳои амалиношуда, шароит барои ташкили чунин як созмони ҳамгироии минтақавӣ ба вуҷуд омад. 15-уми марти соли 2018 мулоқоти кории Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Парлумони Туркманистон Оқча Нурбердиева дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд. Ин мулоқоти таърихие, ки ба вуқӯъ пайваст дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз рост омад.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни суханронии худ таъкид намуд, ки мулоқоти мазкур доир ба ҳамгироии кишварҳои минтақа набуда, балки як мулоқоти машваратӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мувофиқаи тарафайн соли 2019 Сарони кишварҳои минтақаи мазкур чунин як мулоқоти машваратиро дар Тошканд баргузор намуда, масъалаҳои марбут ба минтақаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки дар тӯли чандин солҳои охир ташкили чунин як мулоқоти машваратӣ ва баҳамоии Сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба вуқӯъ пайваст. Мулоқоти мазкур аз ҷониби таҳлилгарон, олимон ва коршиносони ватанию хориҷӣ мусбат арзёбӣ гардид. Асосан, минтақаи Осиёи Марказӣ дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, тиҷоратӣ ва неруи зиёди инсонӣ буда, барои ҳадафмандона истифода намудани ин зарфиятҳо иродаи озоди сиёсии ҷониби кишварҳои минтақаи мазкур зарур меояд. Дар баробари доштани чунин зарфиятҳои муҳиму стратегӣ, ҳамчунин, як қатор мушкилоте, монанди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва радикализми динӣ мавҷуд мебошад. Барои пешгирӣ ва ҳалли ин мушкилиҳои таҳдидовар ба амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории самимона, одилона ва ҳамгироиро талаб менамояд.

Бинобар зарур ва муҳим будани ин ҳамгироӣ барои кишвари мову минтақа ва чандин маротиба дастгирӣ намудани ин ғоя аз ҷониби Тоҷикистон зарур шуморидем, ки дар соли 2018 ба яке аз дастовардҳои дигар ҳам ишора кунем.

Сеюм, дастоварди муҳими кишвар ин 16-уми ноябри соли 2018 мавриди истифода қарор додани чархаи якуми неругоҳи барқи обии Роғун мебошад, зеро дастоварди мазкур на ин ки ҳамчун дастоварди муваффақи сиёсати давлатӣ, балки ҳамчун як “ғояи миллӣ” ва “сохтмони аср” барои мо, тоҷикон ба ҳисоб меравад. Чи тавре, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд: “Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад”. Сохтмони иншоот ва мавриди истифода қарор додани чархаи якуми неругоҳи барқи обии Роғун бори дигар обруйи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардошт. Агар Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусбат қабул ва шинохта бошанд, сохтмони НБО-и Роғун низ, бо заҳмату иродаи қавии ин Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик мавриди эҳё қарор гирифт. Аз ин лиҳоз, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳон мусбату муваффақ муаррифӣ намуданд. Пешвои миллат бо роҳандозии ғояи бунёди НБО-и Роғун миллати тоҷикро ба марҳалаи нави рушд ворид карданд.

Ҳукумати кишвар ва шахсиятҳое, ки зери роҳбарии Пешвои миллат сохтмони НБО-и Роғунро пеша гирифтанд, дарк мекарданд, ки барои бунёд ва мавриди истифода қарор додани он мушкилиҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба миён меояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъзе олимон, таҳлилгарон ва коршиносони гуногуни минтақа ва ҷаҳон зидди сохтмони неругоҳи барқии мазкур баромад менамуданд. Аз ин рӯ, замина ё қадами аввалро барои сохтмони иншооти тақдирсозӣ миллати тоҷик маҳз ҳамон шахсиятҳо гузоштанд, ки мушкилотро бартараф намуданд. Аз ин ҷо бармеояд, ки зери роҳбарии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, мактаби дипломатӣ ва сатҳи мутахассисони тоҷик дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон бештар қавӣ ва мустаҳкам гардида истодааст.

Хулоса, соли сипаришудаистода, барои Тоҷикистон дар бахши сиёсати дохилӣ ва берунӣ “соли муваффақ” ба ҳисоб меравад, хусусан дар бахши сиёсати хориҷӣ, ки дастовардҳои нав ба навро ба бор овард. Бо эълон намудани соли 2018 “Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат Тоҷикистон тавонист, ки туризмро ҳамчун абзори сиёсати хориҷии худ роҳандозӣ намояд. Дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷ, фарҳанг ва таърихи пурғановати чандинасраи мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбат муаррифӣ гашт. Бешубҳа, бояд қайд кард, ки тамоми он дастовардҳое соли 2018 дар самти рушди давлатдории мо чӣ дар дохил ва чӣ дар боло зикр шуданд, заҳмати фидокоронаи шабонарӯзии абармардони ватандӯсту миллатдӯсти тоҷик ба шумор меравад.

Табассум Азимзода,
мутахассиси пешбари
Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон