Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз313
mod_vvisit_counterДирӯз784
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1612
mod_vvisit_counterДар ин моҳ15985
mod_vvisit_counterҲамагӣ1598686
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
24
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд

14.01.2019

12-13 январи соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муколама Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов раисӣ карданд.

Инчунин дар муколама роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамкулов, Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон Рашид Мередов иштирок намуданд.

Муколама аз ду сессияи пленарӣ дар мавзӯъҳои «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ» ва «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иборат буд.

Дар сессияи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ» дар мавриди доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкории судманд ва тақвияти равобити дӯстона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон, аз ҷумла тадбирҳо оид ба мусоидат ба тиҷорати мутақобила, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоя, инноватсия ва технология ба иқтисодиёти минтақавӣ, рушди иқтидори нақлиёти транзитӣ ва коммуникатсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, афзоиши сайёҳон, лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаи илм, тандурустӣ, маориф ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар нишаст оид ба мавзӯи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо ҳайати ҳамроҳаш иштирок намуд.

Вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ иштироки ҳайати воломақоми Афғонистонро дар мулоқоти аввалини худ хуш пазируфта, уҳдадориҳояшонро оид ба ривоҷи иқтисоди Афғонистон бо роҳи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории муштарак, транзитӣ, энергетикӣ ва дигар лоиҳаҳое, ки ба ҳамгироии Афғонистон ба системаи муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, таъкид намуданд.

Иштироккунандагони муколама омодагии худро оид ба баргузории Конфронси 8-уми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (REССА VIII), ки дар нимсолаи дуюми 2019 дар Тошканд пешбинӣ шудааст, тасдиқ карданд.

Дар фарҷоми муколама дар бораи оғози механизми муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.

Бознашр: АМИТ "Ховар"