Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз313
mod_vvisit_counterДирӯз784
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1612
mod_vvisit_counterДар ин моҳ15985
mod_vvisit_counterҲамагӣ1598686
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
24
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАЁЗИ НАВРӮЗӢ

19.03.2019

Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар ҳаёти маънавии мардумони ориёинажод мақому мақому манзалати бузурге дорад. Аз ҳамин ҷост, ки на танҳо дар эҷодиёти шифоҳӣ, балки дар адабиёти китобӣ қариб ҳамаи суханварони форсу тоҷик аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то шоирони муосир ин ҷашни фархундаи миллиро васфу тараннум намудаанд. Инак, чун муште аз хирвор намунае чанд аз ашъори наврӯзии шоирони маъруфи тоҷик ва форсизабонро манзури хонандагони нуктасанҷ ва дӯстдорони Наврӯзи хуҷастапай менамоем:

 

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-он гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабонақиб,

Наффот – барқи рӯшану тундар-ш таблзан,

Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб...

Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,

Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯси ба ҳинно шуда хазиб.

Булбул ҳамебихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв шуда мар-ӯро муҷиб.

Сулсул ба сарвбун бар бо нағмаи куҳан,

Булбул ба шохи гул бар бо лаҳнаки ғариб…

***

Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло.

Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.

Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи гулоб ояд,

Дар он шустаст пиндорӣ, нигори ман рухи гулгун.

Унсурии Балхӣ

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,

То зи сунъаш ҳар дарахте луъбати дигар шавад.

Боғ ҳамчун кулбаи баззоз пурдебо шавад,

Бод ҳамчун таблаи аттор пуранбар шавад.

Савсанаш сими сапед аз боғ бардорад ҳаме,

Боз ҳамчун орази хубон замин ахзар шавад.

Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,

Гӯшвори ҳар дарахте риштаи гавҳар шавад.

Чун ҳиҷобилуъбатон хуршедро бинӣ зи ноз,

Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.

Дафтари Наврӯз бандад бӯстонкирдор шаб,

То кавокиб нуқтаи авроқи он дафтар шавад.

Афсари симин фурӯ гирад зи сар кӯҳи баланд,

Боз миночашму деборӯю мушкинсар шавад.

Фаррухии Систонӣ

Марҳабо, эй Балхи Бомӣ, ҳамраҳи боди баҳор,

Аз дари Нӯшод рафтӣ, ё зи боғи Навбаҳор.

Эй хушо он навбаҳори хуррами Нӯшоди Балх,

Хоса акнун, к-аз дари Балх андарун омад баҳор.

Ҳар дарахте парниёни чинӣ андар сар кашид,

Парниёни хурднақши сабзбуми лаълкор.

Арғувон бинӣ чу дасти некӯвон пурдастбанд,

Шохи гул бинӣ чу гӯши некӯвон пургӯшвор.

Боғ гардад гулпарасту роғ гардад лолагун,

Бод гардад мушкбӯю абр марворидбор.

Боғбони баргирифта дил ба моҳи дай зи гул,

Пур кунад ҳар бомдоде аз гули сурӣ канор.

Балх бас хуш аст, лекин балхиёнро бод Балх,

Мар-маро бо шаҳрҳои Гузгонон аст кор…

Манучеҳрии Домғонӣ

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод!

Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,

Мурд зимистону баҳорон бизод,

З-абри сияҳ рӯйи суманбӯй род,

Гетие гардида чу дорулқарор.

Рӯйи гули сурх биёростанд,

Зулфаки шамшод бипиростанд,

Кабкон ба кӯҳ ба тан тохтанд,

Булбулакон зеру сито хостанд,

Фохтакон ҳамбари биншостанд

Нойзанон бар сари шохи чанор.

Лола ба шамшод баромехтанд,

Жола ба гулнор даровехтанд,

Бар сари он мушк фурӯ бехтанд,

В-аз бари ин дур фурӯ рехтанд,

Нақшу тамосил барангехтанд

Аз дили хоку ду рухи кӯҳсор.

Қумриякон ной биёмӯхтанд,

Сулсулакон мушки тибит сӯхтанд,

Зардгулон шамъ барафрӯхтанд,

Сурхгулон ёқут андӯхтанд,

Сарвбунон ҷомаи нав дӯхтанд,

З-ин сӯву з-он сӯ ба лаби ҷӯйбор…

Боз ҷаҳон хурраму хуш ёфтем,

Зӣ суману савсан биштофтем,

Зулфи парирӯён бартофтем,

Дил зи ғами ҳиҷрон бишкофтем,

Хубтар аз бӯқаламун ёфтем,

Бӯқаламуниҳо дар навбаҳор…

Мурғ набинӣ, ки чӣ хонад ҳаме,

Меғ набинӣ, ки чӣ ронад ҳаме,

Дашт набинӣ, ба чӣ монад ҳаме,

Дӯст набинӣ, чӣ ситонад ҳаме,

Боғ бутонро бинишонад ҳаме,

Бар суману настарану лолазор...

Саъдии Шерозӣ

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол,

Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.

Чу оташ дар рухат афканда гулнор,

Дигар манқал манеҳ, оташ наяфрӯз.

Чу наргис чашми бахт аз хоб бархост,

Ҳасад гӯ душманонро дида бардӯз.

Баҳори хуррам аст, эй гул, куҷоӣ,

Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.

Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,

Бародар, ҷуз накӯномӣ маяндӯз.

Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,

Мабар фармони бадгӯйи бадомӯз.

Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,

Ки бар гунбад нахоҳад монд ин рӯз.

***

Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,

Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ.

Бар бӯстон гузаштӣ ё дар биҳишт будӣ?

Шод омадию хуррам, фархунда бахт бодӣ!

То ман дар ин сароям, ин дар надида будам,

К-имрӯз пеши чашмам дар бӯстон кушодӣ.

Чун гул раванду оянд ин дилбарону хубон,

Ту дар баробари ман чун сарв истодӣ…

Хоҳам, ки бомдоде берун равӣ ба саҳро,

То бӯстон бирезад гулҳои бомдодӣ…

Ёре, ки бо қарине улфат гирифта бошад,

Ҳар вақт ёдаш ояд, ту дам ба дам ба ёдӣ.

Гар дар ғамат бимирам, шодӣ ба рӯзгорат,

Пайвасте некувонро ғам хӯрдаанду шодӣ.

Ҷое, ки доғ гирад, дардаш даво пазирад,

Илло, ки доғи Саъдӣ, к-аввал назар ниҳодӣ.

Ҳофизи Шерозӣ

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,

Ки зад бар чархи фирӯза сафири бахти фирӯзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам биафшонӣ,

Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист?

Магар ӯ низ ҳамчу ман ғаме дорад шабонрӯзӣ?

Мае дорам чу ҷон софеву сӯфӣ мекунад айбаш,

Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ!

Май андар маҷлиси Осаф ба Наврӯзи Ҷалолӣ нӯш,

Ки бахшад ҷуръаи ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.

Ҷавобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,

Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу пирӯзӣ.

На Ҳофиз мекунад танҳо дуои Хоҷа Тӯроншоҳ,

Зи мадҳи Осафе хоҳад идиву наврӯзӣ.

Ба бӯстон рав, ки тариқи ишқ гирӣ ёд,

Ба маҷлис ой, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.

***

Гулбуни айш медамад, соқии гулузор ку?

Боди баҳор мевазад, бодаи хушгувор ку?

Ҳар гули нав зи гулрухе ёде ҳамекунад, вале

Гӯши суханшунав куҷо, дидаи эътибор ку?

Маҷлиси базми айшро ғолияи мурод нест,

Эй дами субҳи хушнафас, нофаи зулфи ёр ку?

Ҳуснфурӯшии гулам нест таҳаммул, эй сабо,

Даст задам ба хуни дил, баҳри Худо, нигор ку?

Шамъи саҳаргаҳӣ агар лоф зи орази ту зад,

Хасм забондароз шуд, ханҷари обдор ку?

Гуфт: «Магар зи лаъли ман бӯса надорӣ орзу»,

Мурдам аз ин ҳавас, вале қудрату ихтиёр ку?

Ҳофиз арчи дар сухан хозини санги ҳикмат аст,

Аз ғами рӯзгори дун табъи сухангусор ку?

Иқболи Лоҳурӣ

Фасли баҳор инчунин, бонги ҳазор инчунин,

Чеҳра кушо, ғазал саро, бода биёр инчунин.

Ашки чакидаам бубин, ҳам ба нигоҳи худ нигар,

Рез ба найситони ман, барқу шарор инчунин.

Боди баҳорро бигӯ пай ба хаёли ман барад,

Водии даштро диҳад, нақшу нигор инчунин.

Зодаи боғу роғро аз нафасам таровате,

Дар чамани ту зистам бо гулу хор инчунин.

Олами обу хокро бар маҳаки дилам бисой,

Равшану тори хешро гир аёр инчунин.

Дил ба касе набохта, бо ду ҷаҳон насохта,

Ман ба ҳузури ту расам, рӯзи шумор инчунин.

Фохтаи куҳансафир, нолаи ман шуниду гуфт:

Кас насуруд дар чаман нағмаи пор инчунин!

***

Хез, ки дар кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор,

Масти тараннум ҳазор,

Тутию дурроҷу сор,

Бар тарафи ҷӯйбор,

Кишти гулу лолазор,

Чашми тамошо биёр,

Хез, ки кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор.

Хез, ки дар боғу роғ, қофилаи гул расид,

Боди баҳорон вазид,

Мурғ наво офарид,

Лола гиребон дарид,

Ҳусн гули тоза чид,

Ишқ ғами нав харид.

Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид.

Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурӯш,

Хуни чаман гарми ҷӯш,

Эй, ки нишинӣ хамӯш,

Даршикан ойини ҳуш,

Бодаи маънӣ бинӯш.

Нағма саро, гул бипӯш,

Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурӯш.

Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин,

Бар лаби ҷӯе нишин,

Оби равонро бубин,

Наргиси нозофарин,

Лахти дили фарвадин,

Бӯсазанаш бар ҷабин,

Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин.

Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар,

Нимаи оташ ба бар,

Лола камар дар камар,

Мечакадаш бар ҷигар,

Шабнами ашки саҳар,

Дар шафақ анҷум нигар,

Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар.

Хоки чаман во намуд, рози дили коинот,

Буду набуди сифот,

Ҷилвагариҳои зот,

Он чӣ ту донӣ ҳаёт,

Он чӣ ту хонӣ мамот,

Ҳеҷ надорад субот,

Хоки чаман во намуд рози дили коинот.

Абулқосим Лоҳутӣ

Наврӯзи Аҷам омаду ҳангоми баҳор аст,

Имрӯз ба маҷлис маю маъшуқ ба кор аст.

Ман бе маю маъшуқ ҷаҳон ҳеч нахоҳам,

Моро ба ҷаҳон бе маю маъшуқ чӣ кор аст?

Гар шуд дилам ойинаи тавҳид, аҷаб нест,

Ин рутбатам аз марҳамати ойинадор аст.

Эй аҳли сафо, нақди равон пешкаш оред,

Ид асту ба хоки дари ӯ вақти нисор аст…

Дар кӯйи муҳаббат ба раҳи ишқи ту, эй дӯст,

Хуррамдил аз онам, ки маро чеҳра нигор аст.

Дар боғи санои ту аз он баркашам оҳанг,

К-ин нағмаи ишқ аст, на гулбонги ҳазор аст.

Наврӯзи баҳори ту муборак шавад аз Ҳақ,

Хуш бош, ки ҳар рӯзи ту Наврӯзу баҳор аст.

Лоҳутии шайдо, ки чунин хуб ғазал гуфт,

Дар боғи санои ту беҳ аз сулсулу сор аст.

Лоиқ Шералӣ

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!

Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,

Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,

Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?

Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Гирдоварӣ ва таҳияи

Қиёмиддин Сатторӣ