Асосӣ:

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз243
mod_vvisit_counterДирӯз2372
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17292
mod_vvisit_counterДар ин моҳ54861
mod_vvisit_counterҲамагӣ1900763
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НАВРӮЗ ҶАШНИ ВАҲДАТ АСТ.

20.03.2019

Ин сатрҳо бозгӯйи таърихи беш аз ҳафт ҳазорсолаи ҷашни Наврузанд. Мақсад аз таҷлили ҷашни Наврӯз на танҳо хушрӯзию фараҳ, балки дар дили мардум бедор намудани ҳисси рафоқат, садоқату муҳаббати байни якдигариро мустаҳкам гардонидан, зиёд намудани меҳру шафқат мебошад. Наврӯз иди ваҳдат аст, зеро дар ин ҷашн одамон гуноҳҳои якдигарро мебахшанд, оштӣ мекунанд, ба сулҳу салоҳ мерасанд. Шояд ин ҷанба яке аз мазмунҳои асосии Наврӯз бошад. Ин нияти неки Наврӯз бешак, тасмимоти таърихсоз аст. Тайи таърихи дуру дароз ҷашни Наврӯз дар роҳи ба ҳам овардан, ба оштӣ расидан, пойдор намудани сулҳу субот, гирифтани пеши роҳи хушунатҳо он қадар хизмате намудааст, ки тасмимест бештар аз тасмимҳои баъзе давлатмардон дар дарозои таърих.

Абулқосим Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" ба нобудӣ расидани Наврӯзро ба хатари аз даст додани истиқлолияти миллӣ баробар дониста, бо дарду алам эҳтимоли аз байн рафтани ойини ниёконро ин тарз баён намудааст:

***

Аз ин зоғсорони бе обу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад, ҳам оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

***

Ғосибон фаҳмиданд, ки ҷашни Наврӯзро аз байн бурда наметавонанд, барои аз байн бурдани ҷанбаи миллии ин ҷашн зиёд кӯшиш ба харҷ доданд. Онҳо мехостанд, ки аҷдоди мо дар ҷашни Наврӯз ғайр аз "Иди баҳор", "Иди кишоварзон", расидани Офтобро ба бурҷи Ҳамал дида, аз хусусиятҳои ориёии ин ҷашн андеша нанамоянд. Дар натиҷа шоирону нависандагони пешин аз Наврӯз ҳамчун аз баҳору сайри чаман, хониши парандагону гулу сабзаву ёсуман васф намуда, аз рӯҳияи ориёии ин ҷашн ёдовар нашудаанд. Агар бигӯем, ки ба тадриҷ андешаҳои миллӣ аз ин ҷашн "ронда" шуданд, пас дуруст мегӯем.

Наврӯз суннату русум аст, фарҳанг аст ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмист. Наврӯз эътиқод ва эътимод ҳасту тӯли таърих ба ягон идеология ё дин олуда нашудааст. Наврӯз тасаввуроти мардум нисбати табиат, ҷомеа ва кайҳон буда, аз нигоҳи ҳадаф, муҳтаво мақсаду маром ҷаҳонбинии яклухтест нисбати табиату ҷомеа, ки дар анъанаву маросимҳои Наврӯзи ҷой дода шудааст. Новобаста аз он ки Наврӯз падидаи воқеии кайҳонист, барои инсонҳо рамзи бозгашт ба фасли орзу ва ормонҳо, умед ба зиндагии беҳтар табдил меёбад.

Наврӯз рамзи озодию озодагию ободист. Аҷдоди мо ҷашни Наврӯзи миллии худро аз қаъри асрҳо аз чанголи ғосибони хунхӯр раҳонида, барои наслҳои оянда ҳамчун рамзи мубориза баҳри Истиқлолияти давлатӣ ба мерос гузоштанд. Бинед, Искандари Мақдунӣ, арабҳои ишғолгар, тудаи муғулони чингизӣ, туркони саҳронишин натавонистанд ин ҷашн, ин фарҳанг ва ин ҷаҳонбинии ориёиҳоро ба нестӣ баранд. Магар ин мубориза баҳри истиқлолият, баҳри нигаҳдошти асолати миллию урфу одат ва ҷашну анъанаҳои мардуми озодипараст нест.?!

Баъди ғасби Осиёи Марказӣ аз тарафи арабҳо аҷдодони мо бо камоли маърифат барои нигоҳ доштани ин сунати ниёгон онро ба ҳикмати офариниши олам пайвастанд. Дар сураи 54-и Қуръони маҷид: “Аъроф” мехонем: “Халақ-ас-самовоти в-ал-арз фи ситтати айём". Тафсири сураи ёдшуда дар “Бурҳони қотеъ” омадааст: "...ва Одам алайҳисаломро дар ин рӯз халқ кард, пас бинобар он, ин рӯзро "Наврӯз" гӯянд". Ин амал ҷуз андешаи худогоҳии миллӣ чизи дигар нест!

Даъвату ҳадафҳои Наврӯз умумибашарӣ, мавқеаш инсонгароёна буд ва аз тозагии муҳити инсон баҳс мекард. Наврӯз як намунаи комили тасвири олам дар мафкураи инсон аст. Аҷдодони мо гоҳ ошкоро, гоҳе пинҳонӣ ва ҳатто баъзан бар зиди ҳукуматҳое, ки мухолифи Наврӯз буданд, ин ҷашни фархундаро истиқбол мегирифтанд.

Дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз андешаҳо гуногунанд. Бархе аз олимон пайдоиши ҷашни Наврӯзро ба Сосониёну Сомониён, қисми дигар ба давраи Каёниёну Пешдодиён мутааллиқ медонанд. Он чи аниқ аст, он аст, ки Ҷашни Наврӯз ҳанӯз дар даврони пешаззардуштӣ ба ҷашни расмӣ табдил шуда буд. Андешае ҳам маъмул аст, ки Зардушт бунёдгузори наврӯз ҳисобида мешавад.

Фалсафаи сулҳҷӯёнаи Наврӯз марзбандиҳоро эътироф намекард. Гап сари он аст, ки ин фалсафа бар тафаккури одамон нуфуз карда, ба мағзҳои онҳо нақш баста ва мағзҳоро шакл бахшидаанд. Чун рӯҳу мағзи инсонро мазмуни фалсафаи Наврӯз фаро мегирад, ин ғояҳо қудрате беш аз шамшеру иқтидори салтанат пайдо мекунанд. Ҳамин аст, ки подшоҳону давлатҳо аз байн рафтаву ҷашни Наврӯз беш аз ҳафт ҳазор сол побарҷост. Мақоми ҷашни Наврӯз дар сару сомон бахшидани муносибати омма ба таърих, анъанаву ҷашну маросим ба тавре ки бояст ҳанӯз омӯхта нашудааст.

Муҳаққиқон мегӯянд, ки Наврӯзро шоҳ Ҷамшед асос гузоштааст, аммо ба тавре, ки аз "Шоҳнома" маълум аст, ин ҷашнро дар замони Каюмарс барпо менамуданд.

Абурайҳони Берунӣ дар асри даҳ дар китоби "Осор-ул-боқия" аз забони Алӣ ибни Яҳё навиштааст, ки "Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки таъғирнопазир аст" ва дар китобаш "Ат тафҳим”менигорад, ки "Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ин нишонаи соли нав аст".

Наврӯз бояд минбаъд мавриди назари муҳаққақон қарор гирад. Наврӯз дигар набояд фарҳанг ҷаҳонбинии як нажоду як минтақа бошад, Он набояд танҳо шиору ҳидоят бошад. Наврӯз метавонад ҷашнвораи ҳамаи одамони сайёра гардад. Наврӯз барномаи аниқе бошад барои амал, барои корҳои созанда, барои ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти сайёра, экологияи табиат ва муҳити солиму фарҳанги одамият. Барои маҳви гуруснагӣ, бесаводӣ, бемориҳои сирояткунанда ва дигар мусибатҳо ба ваҳдат оем. Охир ҷашни Наврӯз дар худ ин ғояҳоро гунҷондааст ва ба истилоҳ ҷашни ҷаҳонист, зеро 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Имрӯзҳо Наврӯзро дар Тоҷикистон, Албания, Афғонистон, Ҳерзоговина, Босния, Черногория, Македония, Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон, Туркия, Русия (Бошқирдистон, Доғистон, Чиченистон, Тотористон), Ироқ, Сурия, Покистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Косова, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ҷамъ дар 22 давлатҳои дунё ҷашн мегиранд.

Боиси қаноатмандист, ки аҳли эҷоди Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯзи ҷаҳонафарӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ, ҷашни ваҳдату баҳамоии инсонҳо, ҷашни эҳёи табиат ба қалам медиҳанд. Наврӯз ахиран ба иди миллии халқи тоҷик табдил ёфт.

Зубайдулло Давлатов,

муовини сардори раёсати таъминоти

иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон