Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз313
mod_vvisit_counterДирӯз784
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1612
mod_vvisit_counterДар ин моҳ15985
mod_vvisit_counterҲамагӣ1598685
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
24
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таҳқиқот


Наврӯз ҷашни ҷовидонист

02.04.2019

Наврӯзи оламафрӯз - қосиди баҳори дилафрӯз имсол низ дар саросари Тоҷикистони азизамон ботантана таҷлил карда шуд. Рӯзи 20-уми марти соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз ҷониби Пешвои миллат дар ин шаҳр пайкараи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд коргоҳи нав ифтитоҳ ёфтанд.

Рӯзи 21-уми март Пешвои миллат дар тантанаи наврӯзии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар суханронии табрикотии худ мардуми Тоҷикистонро бо ин иди фархунда ва бостонӣ табрику таҳният гуфта, мақоми умумибашарӣ гирифтани онро мояи ифтихори тамоми аҳли миллат донистанд. Таъкид шуд, ки барои ба ояндагон расонидани ин мероси бузурги аҷдодӣ ҳар нафар аз фарди миллат кӯшиш карданаш даркор аст.

Муфассал...
 
РОҲ ВА УСУЛҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА– ИФРОТГАРОИЮ ТЕРРОРИЗМ МИЁНИ ҶАВОНОН

19.03.2019

Аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯй овардан ба сиёсати ҷавонон тақозои таърих ва назари хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб нигоҳ дошта, даъвату дастури Сарвари давлати Тоҷикистонро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд. Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омодаю сарсупурда ва ҷонфидо бошанд.

Муфассал...
 
Наврўз падидаи бузург дар тамаддуни башарӣ

15.03.2019

Дар фарҳангу ойини мардуми тоҷик ҷашни Наврӯз ниҳоят арзишманд мебошад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Наврӯзро, ки баъзан «Иди баҳор» ва «Соли Нав» ва дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ номида мешавад, ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷик ва эронинажод мебошад. Наврӯз бо эҳё гардидани табиат ва фарорасии баҳорон оғоз меёбад ва тақрибан таърихи зиёда аз 3 ҳазорсола дорад. Ҳарчанд он ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷик ва эронинажод ҳисобида мешавад, вале баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шуда, бо шукӯҳи хосса таҷлил карда мешавад.

Муфассал...
 
«САРМОЯИ МУҲИМТАРИНИ МИЛЛАТИ МО – ИН ПОТЕНСИАЛИ АҚЛОНИИ МИЛЛАТИ МОСТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ оид ба рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

13.02.2019

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба баланд бардоштани неруи инсонӣ, қудратҳои зеҳнӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ пайваста сухан мегӯянд. Дар Паёми соли 2016 Пешвои муҳтарами миллат чунин таъкид карда буданд: «Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд». Дар идомаи ин таъкид изҳори таассуф карданд, ки «…дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд». Вобаста ба ин Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:

Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои «рушди неруи инсонӣ», «беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ», «зиндагии шоиста», «ҳамқадами илму технологияи муосир будан», таъбирҳои илму дониш, маърифат, одобу ахлоқ, муоширати шоиста ва монанди инҳо дар баробари таъбирҳои рушду тараққии саноат, саноатикунонии кишоварзӣ, дар маркази диққати

ҳамешагӣ гузоштани саломатии миллат, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун сармояи давлат шинохта шудааст,

Муфассал...
 
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ФАРОГИРИ БЕШ АЗ 50 МАВЗӮИ МУҲИМИ ҲАЁТИ ДОХИЛИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини сардори Раёсати МТС Зубайдулло Давлатзода

24.01.2019

Паёмҳои ҳарсола барои муайян намудани самтҳои рушди ҷумҳурӣ нақши муассир доранд. Анъанаи паёмгузорӣ аз соли 2001 ибтидо мегирад. Тавассути Паём камбудию муваффақиятҳо муайян карда шуда, чораҳои мушаххаси бартараф кардани онҳо нишон дода мешаванд. Паём барномаи илман асосноки тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як сол мебошад.

Боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президент» ном дошта, ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мувофиқ ба ҳамин боби чаҳоруми Конститутсия Президент ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад.

Моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки салоҳиятҳои Президентро муқаррар мекунад, бо чунин ҷумла оғоз меёбад: «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад».

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 15