Асосӣ:

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз212
mod_vvisit_counterДирӯз2372
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17261
mod_vvisit_counterДар ин моҳ54830
mod_vvisit_counterҲамагӣ1900731
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Бозори меҳнат ва муҳоҷират


ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ — ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат

24.06.2019

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. Тавре қаблан хабар дода будем, 8 июн дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳову чорабиниҳои сатҳи давлативу ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуд.

Бо назардошти он, ки ҳалли масоили иҷтимоӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пешвои миллат мебошад, дар зер матни пурраи суханронии Ёрдамчии Президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзодаро пешниҳоди хонандагон менамоем.

Проблемаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, вазъи маънавиёт ва робита бо ҷомеа ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат, махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Муфассал...
 
САНОАТИ ДОРУСОЗӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

27.05.2019

Соҳаи дорусозӣ дар низоми тандурустии кишварҳо ҷойгаҳи махсус дошта, ҳамзамон бо мураккаб будани технологияи истеҳсол дар самти саноат муҳим ва сермасраф ба шумор меравад. Зеро он бо мушкилиҳои гуногуни худ шурӯъ аз марҳилаи коркард дар озмоишгоҳ ва экспертизаю ба роҳ мондани истеҳсоли он заҳмати зиёдро талаб менамояд. Маҳсулоте, ки дар ин намуди саноат истеҳсол мегардад, барои ҳифзи солимии инсон хеле муҳим буда, дар замони муосир талабот нисбат ба он рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳамзамон, соҳаи дорусозӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисодиёти ҳар як кишвар ба шумор меравад.

Корхонаҳои саноатии истеҳсоли маводҳои доруворӣ дар охирҳои асри XIX сохта шуда, дар аввалҳои асри XX, баъди кашф кардани маводҳои синтетикӣ хеле тез рушд карданд. Дар он замон истеҳсоли маводи доруворӣ бештар дар кишварҳои Олмон, Британияи Кабир ва Шветсария ба назар мерасид. Олмон то соли 1945 дар истеҳсоли намудҳои гуногуни маводи доруворӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҷои аввалро ишғол мекард.

Муфассал...