Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз325
mod_vvisit_counterДирӯз784
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1624
mod_vvisit_counterДар ин моҳ15997
mod_vvisit_counterҲамагӣ1598698
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
24
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Рушди соҳавӣ


Рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон (вазъи имрўза ва дурнамо)

А.И. Одинаев,

Мутахассиси пешбари раёсати тадқиқоти проблемаҳои инкишофи соҳавии

Маркази тадқиқоти старатегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 40

тел.(+992) 988 55 26 90 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Дар мақола ҳолати имрўза ва дурнамои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф омилҳои нигоҳдорандае, ки метавонанд дар роҳи рушди устувори соҳа, аз он ҷумла тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дар доираи амалкард бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) монеа бавуҷуд оваранд, муайяну мушаххас намудааст.

Дар робита ба ин, муаллиф механизмҳо ва силсила тадбирҳои мушаххасро ба мақсади ҳалли поблемаҳои ҷойдошта, таъмини рушди устувори соҳа, амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ дар доираи амалкард бо СУС- ро пешниҳод намудааст.

Муфассал...
 
Нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об

9 сентябри 2013 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамкории Маркази байналмилалии идоракунии хатарҳо ва офатҳои марбут ба об (International Center on Water Hazard and Risk Management, ICHARM/UNESCO) нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид.

Нишастро Намояндаи доимии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пайгирии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мунтазам муҳокима кардани масъалаҳои марбут ба офатҳои табиии вобаста ба захираҳои обӣ, ки зимни суханронии ӯ ҳангоми маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об 20 августи соли 2013 эълом гашта буд, мебошад.

Роҳбари Маркази байналмилалии мудирияти хатарҳо ва офатҳои марбут ба об доктор Кензо Ҳирокӣ таъкид кард, ки масъалаи офатҳои табиии вобаста ба об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин соҳа аз ҷониби ширкаткунандагони Конфронси Душанбе дастгирӣ ёфта, дар санади ниҳоии он ҳамоиш низ бозтоб ёфтааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии СММ ба таври мунтазам мавриди муҳокима қарор дода шавад. Ба ин мақсад, К. Ҳирокӣ даъват кард, ки ҷиҳати пайгирии масъалаи мазкур лоиҳаи қатъномаи дахлдори МУ СММ таҳия гардад.

Намояндагони доимӣ ва сафирони Афғонистон, Танзания, Намибия, Ямайка, Ҷумҳурии Доминикан ва Кабо Верде дар СММ, ки дар Конфронси Душанбе ширкат карда буданд, иқдоми ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиии марбут ба об дастгирӣ намуданд.

Муфассал...