Асосӣ:

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз180
mod_vvisit_counterДирӯз2372
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17229
mod_vvisit_counterДар ин моҳ54798
mod_vvisit_counterҲамагӣ1900700
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
21
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот


МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО"

19.09.2019

Рӯзи 19 сентябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи "Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, иштирокчиёни мизи гирдро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли сиёсӣ роҳи инкишофи демократиро интихоб намуд. Маълум аст, ки шарти асосӣ ва зарурии бунёди бомуваффақонаи демократия мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандии комил танҳо дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии ниҳодҳои сиёсӣ ва муносибатҳои бозори озод имконпазир мебошад.

Муфассал...
 
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28–умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб

12.09.2019

Сентябрь 11, 2019, шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлоб ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – 28 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи дуюмин агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» самимона табрик мегӯям.

Истиқлол дар таърихи халқи тоҷик таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварда, ба мардуми кишварамон роҳи нави тараққиётро боз намуд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Муфассал...
 
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 дар шаҳри Кӯлоб

12.09.2019

Сентябрь 11, 2019 шаҳри Кӯлоб

Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз!

Ба ҳамаи шумо ҷашни бузурги миллӣ – 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро, ки туҳфаи идонаи Ҳукумати мамлакат мебошад, самимона табрик мегӯям.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, аз чор бинои таълимӣ ва утоқҳои алоҳида аз фанҳои химия, физика, биология, технология, синфхонаҳои шоҳмот ва компютер, ҳуҷраи инкишофи кӯдак иборат мебошад ва бо таҷҳизоти таълимиву озмоишгоҳӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамчунин, дар муассиса толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона бо толори хониш ва дигар биноҳои ёрирасон бунёд шудаанд, яъне барои фаъолияти босамари устодону омӯзгорон ва таҳсили хонандагон шароити беҳтарин муҳайё гардидааст.

Муфассал...
 
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

10.09.2019

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар ба муносибати солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки бисту ҳашт сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ — истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки имрӯз мо ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем.

Муфассал...
 
Суханронии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун»

10.09.2019

09.09.2019, шаҳри Роғун

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”!

Ҳозирини арҷманд!

Бо арзи эҳтирому ифтихори зиёд ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ – солгарди бистуҳаштуми истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун — иншооти тақдирсози халқамон сидқан табрик мегӯям.

Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 28