Асосӣ: Тадқиқотҳои сотсиологӣ ШАРҲИ МУФАССАЛИ НАТИҶАИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДОИР БА БАҲОГУЗОРӢ ВА ДИНАМИКАИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ТАНДУРУСТӢ / ҲУҚУҚИ БЕМОРОН
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз628
mod_vvisit_counterДирӯз1476
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3653
mod_vvisit_counterДар ин моҳ30899
mod_vvisit_counterҲамагӣ1281255
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШАРҲИ МУФАССАЛИ НАТИҶАИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДОИР БА БАҲОГУЗОРӢ ВА ДИНАМИКАИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ТАНДУРУСТӢ / ҲУҚУҚИ БЕМОРОН

Муқаддима

Риоя накардани ҳуқуқи беморон яке аз масоиле, ки ҳалли он ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва қаноатмандии шаҳрвандон аз соҳаи тандурустӣ мусоидат менамояд.

Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ собит сохтанд, ки масоили амалисозии ҳуқуқи беморон, дастрасӣ ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ бештар дар давлатҳое фаъоланд, ки идораҳои соҳаи тандурустӣ хеле тараққӣ кардаанд ва талаботи мардум ба давлат ва муассисаҳои тандурустӣ баланд аст. Нигарониҳои ҷомеа ва давлат дар бобати ҳуқуқи беморон аз сатҳи пешрафти муайяни соҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон ҷиҳати расидан ба сатҳи баланди тараққиёт, ҷараёни баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандонро амалӣ намудан зарур аст.

Бо дарназардошти ҷиддияти масоили саводнокии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самти таъмини ҳуқуқи беморон, Ташкилоти ҷамъиятии "Лигаи занони ҳуқуқшиноси ҶТ" (оянда Лига), ТҶ "Спин Плюс" дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар назди Суди Олии ҶТ (қаблан дар назди Шӯрои адлияи ҶТ), аз соли 2014 то моҳи апрели соли 2016 бо кумаки молии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ду лоиҳа «Ниҳодӣ кардани Дастурамал оид ба ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» ва «Риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» амалӣ намуданд.

Дар натиҷа:

• Роҳнамо ва Модули «Ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия, чоп ва пазируфта шуд. Ҷиҳати омӯзиши Модули мазкур 87 нафар, аз ҷумла 50 нафар судя, 23 корманди муассисаи тандурустӣ ва 14 намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

• Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 35 семинар ва семинарҳои маълумотӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 8 семинар, дар ВМКБ 6 семинар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 7 семинар, вилояти Суғд 8 семинар ва вилояти Хатлон 6 семинар гузаронида шуд. Ҳамагӣ дар ин чорабиниҳо 2838 нафар (тибқи лоиҳа 1400 нафари ба нақшагирифташуда) иштирок намуданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур Лига дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Спин Плюс» ва кумаки молии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаи «Мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ», ки мақсади он аз муайян намудани сатҳи маълумотнокии гурӯҳҳои мақсаднок оид ба масоили риояи ҳуқуқи беморон ва моҳияти таъсиррасонӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҳуқуқи беморон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд, мусоидат кард.

Дар даҳрӯзаи аввали соли 2017 Лига дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Спин Плюс», муассисаҳои тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ кӯшиши худро ба баргузории мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти самти саводнокии ҳуқуқии беморон дар гузашта равона сохт. Дар ин самт ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар мусоидат намудан ба асоснокии нуқтаи назари ҷараёни мониторинги пешравӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳо, ба анҷом расонида шуд.

Барои баргузории ташхис ва мониторинг доир ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ тарзи сифатии ҷамъоварии маълумот истифода бурда шуд. Дар марҳалаи омодагӣ тадқиқоти кабинетӣ гузаронида шуд, ки аз натиҷаи он тафсири мазкур бо хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳо баҳри фаъолияти оянда дар таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои саломатӣ омода карда шуд, ки дар рафти он омӯзиши ҳисоботи лоиҳаи гузашта, ҳисоботҳо оид ба баргузории трегнингҳо ва натиҷагирӣ ба назар гирифта шудааст.

Ҳисоботи мазкур дар чорчӯбаи баҳодиҳии фаъолиятҳои қаблӣ дар соҳаи саводии ҳуқуқии беморон омода гардидааст. Нуқтаи назари муаллиф ва мундариҷаи ин маводҳо метавонанд бо нуқтаи назар ё ақидаи Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон» мувофиқат накунад.

 

Муфассал ... (дар формати pdf) ШАРҲИ МУФАССАЛИ НАТИҶАИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДОИР БА БАҲОГУЗОРӢ ВА ДИНАМИКАИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ТАНДУРУСТӢ / ҲУҚУҚИ БЕМОРОН