Асосӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вохӯриҳои дохила Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз631
mod_vvisit_counterДирӯз1476
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3656
mod_vvisit_counterДар ин моҳ30902
mod_vvisit_counterҲамагӣ1281258
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе

10.05.2018

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 - юмин солгарди ғалаба бар фашизм ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулчанбаргузорӣ гузориш дод. Баъди садои суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири шаҳидони роҳи ғалаба гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.

Нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос доштанд. Мавриди зикр

аст, ки шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон барои ба даст овардани ғалабаи бузург намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Ба муносибати рӯзи ғалаба инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, Сафорат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузошта шуд.

Хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Дар рӯзҳои иди ғалаба ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба онҳо кумакҳои моддӣ расонда мешавад.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар Боғи ғалабаи пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

Источник: "www.president.tj"