Асосӣ: Навигариҳо КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ "ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ–АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН"
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз628
mod_vvisit_counterДирӯз1476
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3653
mod_vvisit_counterДар ин моҳ30899
mod_vvisit_counterҲамагӣ1281255
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ "ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ–АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН"

16.05.2018

Рӯзи 16 майи соли 2018 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Ташаккули модели рушди индустриалӣ–аграрии кишвар"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, донишмандону коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимнан қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон бояд дар ояндаи наздик аз кишвари аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ табдил дода шавад. Аз ин рӯ, сиёсати иқтисодии давлати мо, пеш аз ҳама, барои амалӣ гардидани ин масъалаи муҳим равона карда шудааст. Аз ин нуқтаи назар конфрониси имрӯза, ки ҷанбаҳои асосии ташаккули механизму шароитҳои таъмини рушди индустриалию аграрии кишвар ва дарёфти роҳҳои такмили низоми рушди иқтисод ва пешбурди ислоҳоти соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, хеле арзишманду мубрам мебошад ва умед дорем, ки ин нишасти илмиву амалӣ барои дарёфти механизми ташаккули модели рушди индустриалию аграрии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Сипас роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов сухани табрикӣ ироа намуд ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.

Бахши аввали конфронсро корманди Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор И.А.Ашӯров барандагӣ намуд. Дар назди ҳозирин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ф.М.Муминова дар мавзӯи "Ҷанбаҳои макроиқтисодиии ташаккули модели рушди индустриалию аграрии Тоҷикистон", ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор, узви вобастаи Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ф.Салимзода дар мавзӯи "Масъалаҳои таъмини самаранокии соҳаи кишоварзӣ", ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Б.Маҳкамов дар мавзӯи "Марҳалаву заминаҳои ташаккули модели индустриявию аграрии кишвар", дирктори ҶСП "Комбинати шири Душанбе" С.Мирзоев дар мавзӯи "Масъалаҳои инкишофи ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ (дар мисоли коркарди саноатии маҳсулоти чорводорӣ)" маърӯза намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова масъалаҳои механизмҳои танзими рушд дар раванди ташаккули модели индустриалию аграрӣ, нақши бахши инфрасохтор дар ин раванд, маҳдудияту имкониятҳо дар ривоҷи ташаккули модели рушди индустриалию аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии амиқ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни нишасти илмию амалии мазкур ҳамзамон, пиромуни омилҳои таъмини самаранокии тағйироти сохторӣ дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон; масъалаҳои таъмини суръати баланди рушди саноат нисбат ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва зиёд намудани ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар; роҳҳои ҳавасмандгардонии сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷиҳати ташаккули модели индустриалию аграрии ҷумҳурӣ; механизмҳои таъмини самаранокии рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши ҳиссаи он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ғизои комил; вариантҳои/моделҳои пешбурди индустриализатсия; кластерҳо ҳамчун шакли ҳамгироӣ дар истеҳсолоти агросаноатӣ; ташкили идоракунии соҳавӣ бо мақсади таъмини рақобатпазирии иқтисод, неруи воридотивазкунандаи саноати ҷумҳурӣ; вазъ ва тамоюлҳои рушди саноати коркард; роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо барои рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёт дар шакли индустриалӣ; гузаронидани ислоҳоти ниҳодии иқтисодӣ барои ташаккули иқтисоди индустриалию аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар ва табодули афкор намуданд.

Конфронсро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд. Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон