Асосӣ: Навигариҳо Мулоқоти роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз578
mod_vvisit_counterДирӯз1815
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта11040
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26238
mod_vvisit_counterҲамагӣ1276594
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
19
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқоти роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон

30.05.2018

Рӯзи 29 майи соли 2018 мулоқоти роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти сарварии Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши ин кишвар генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқадимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки мардуми Покистону Тоҷикистон аз қадимулайём дӯсту бародар буда, риштаи дӯстиву рафоқати онҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид. Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистон ба василаи асноди қарордодиву ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудаанд. Дар замони Истиқлолияти давлатии кишварамон байни давлатҳои Тоҷикистон ва Покистон беш аз 50 санади муҳим ба имзо расидаанд.

Сипас Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии

Покистон генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят барои пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи ҷанбаҳои гуногуни кишварамон маълумоти мухтасар дода, афзуд, ки ҷониби Покистон ҷиҳати рушду нумӯ ва ривоҷу равнақ пайдо кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ манфиатдор буда, дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳамеша омода аст. Сипас ҷаноби Зубайр Маҳмуд Ҳаят ва ҳамроҳони ӯ ба саволҳои кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар поёни ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон барои суҳбати пурмазмуну муфид арзи сипос намуда, мулоқотро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон