Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Ваҳдати миллӣ амнияти Осиёи Марказиро низ таъмин намуд
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз805
mod_vvisit_counterДирӯз1460
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2265
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22614
mod_vvisit_counterҲамагӣ1231378
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
17
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ амнияти Осиёи Марказиро низ таъмин намуд

26.06.2018

«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати

инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Аз байн рафтани давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ, аз як тараф ба миллатҳои гуногун имконият фароҳам овард, ки соҳибистиқлол гарданд, аз тарафи дигар, ба давлатҳои абарқудрати Ғарбу Шарқ имкон дод, то онҳо ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии худро дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ амалӣ созанд. Консепсияи стратегияи геоиқтисодии абарқудратони Ғарбу Шарқ аз он иборат буд, ки онҳо бояд захираҳои нефту газро дар минтақаи Осиеи Марказӣ аз худ намоянд. Мисли ҳарвақта, стратегияи ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ аз се методи санҷидашуда иборат буд: тарғиби исломи тундгарои сиёсӣ, ташкил намудани муборизаи миллатҳо барои истиқлолият ва эҳёи манофури (бадбинии) таърихии миллатҳо нисбат ба якдигар.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90- уми асри гузашта тундгароёни динии иртиҷоъпараст сар баланд карда, бо ҳамроҳии зиёиёни гумроҳ фаъолона шиорҳои барангезандаи адовати миллиро, ки бар зидди миллатҳои ғайритоҷик равона буд, тарғиб менамуданд. Як қисми аҳли зиё, ба ҷои он ки ба рисолати иҷтимоии худ, яъне тарғиби донишу илм, фарҳангу санъат машғул бошанд, ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротгаройӣ ва тундгароии динӣ даст заданд. Имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки агар дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта як қисми аҳли зиёи гумроҳ хиёнаткорона ба тарафи тундгароёни динии иртиҷоъпараст намегузаштанд, аз ҷанги шаҳрвандӣ эмин мемондем.

Яке аз сабабҳои сар бардоштани тундгароёни динӣ аз он иборат буд, ки миллати тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳиби Пешвои миллӣ, ки қудрати сарҷамъ намудани қишрҳои ҷомеаро дошта бошад, набуд. Зимни ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон оғоз гардид, нақши асосиро тундгароёни динӣ бозида буданд, чунки онҳо аз оғози фаъолият фақат як ҳадаф доштанд: сарнагун намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Онҳо ҳеҷ гоҳ тарафдори давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон набуданд ва нахоҳанд буд.

Ҳадафи асосии тундгароёни динии тоҷик ва хоҷагони хориҷиашон аз он иборат буд, ки Тоҷикистонро бояд ба чанд давлат ё минтақаи хурд тақсим менамуданд. Ҳудуди ҷанги шаҳрвандӣ васеъ гардида, дигар мамлакатҳои Осиёи Марказиро низ фаро мегирифт. Хусусан, водии Фарғона ҳамчун ҳадафи асосӣ ва геостратегии абарқудратони Ғарбу Шарқ бояд ба водии набардҳои хунини дарозмуддат мубаддал мегашт. Тактикаи истифодаи неруи тундгаро ва ифротгароёни диниро аз ҷониби мамлакатҳои Ғарб дар Либия ва Миср баръало мушоҳида намудем. Агар дар Либия нақшаи Ғарб бомуваффақият амалӣ шуда бошад, дар Миср ҳукмронии бемуваффақ ва кӯтоҳмуддати ифротгароёни динӣ аз тарафи неруҳои тамаддунпарвари ин кишвар, дар симои артиши миллӣ, бартараф гашт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ неруе пайдо шуд, ки ҳадафҳои ғаразноки тундагароёни динӣ ва хоҷагони онро ошкор сохт. Ин неруи бузург дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалишавии нақшаҳои геостратегии абарқудратони ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ монеаи ҷиддӣ шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ намудани ҷанги шаҳрвандӣ се ҳадафи асосиро пеш гузошта буданд. Ҳадафи якум, барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, ки он аз ҷониби мухолифин фалаҷ гардида буд.

Ҳадафи дувум, дар раванди музокироти сулҳ миллатро сарҷамъ ва дар атрофи ғояе муттаҳид намудан. Аз ҷониби Пешвои миллат Консепсияи ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуданд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузаронидани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузоштанд, ки он унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеа мебошад.

Ҳадафи сеюми стратегии Пешвои миллат аз он иборат, буд ки таъсиру нуфузи қувваҳои хориҷиро, ки пайвас¬та ба корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол дахолат менамуданд ва ба раванди ваҳдати миллӣ монеа эҷод мекарданд, ботадриҷ кам намоянд. Имрӯз дар мисоли Афғонистони ҳамсоя дидан мумкин аст, ки неруҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии он мудохила намуда, имкон намедиҳанд, ки онҳо музокироти сулҳро оғоз бахшанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба арсаи сиёсӣ қадам ниҳоданашон зиракии сиёсиро аз даст надода, тавонистанд ба бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон хотима бахшанд.

Дар ниҳоят, ҳаминро бояд гуфт, ки аҳамияти геополитикии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аз он иборат аст, ки он боиси таъмини сулҳ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ гардид. Пешвои миллат бо иродаи қавии сиёсӣ, истодагарӣ ва ҷасорат ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, амният ва суботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин намуданд. Ҷомеи ҷаҳонӣ шоҳиди он шуд, ки миллати тоҷик Пешвое дорад, ки на танҳо дар муттаҳид намудани миллати худ, балки ҳамчун лидери минтақавӣ барои таъмини амнияти Осиёи Марказӣ нақши калидӣ бозиданд.

Рустам ҲАЙДАРОВ, доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Дилшод ДАВЛАТЗОДА, унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ҳикматулло ХОҶАЕВ, унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон