Асосӣ: Навигариҳо ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз284
mod_vvisit_counterДирӯз485
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1768
mod_vvisit_counterДар ин моҳ18358
mod_vvisit_counterҲамагӣ1345229
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
17
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06.07.2018

Дар санаи 3 ва 5 июли соли 2018 ҷаласаҳои навбатии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Нишасти илмиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, дар бораи фаъолияти илмиву ташкилиии Марказ дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба таври мухтасар маълумот дода, зимнан қайд кард, ки кормандони раёсатҳои Марказ тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар соли 2018 дар доираи самтҳои зерин тадқиқот мебаранд:

• масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳлили омилҳои асосии берунӣ ва дохилии масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар замони муосир;

• арзёби ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• арзёбии вазъи идеологию сиёсии шаҳру ноҳияиҳои Тоҷикистон ва дурнамои он;

• арзёбии тамоюлҳои асосӣ ва самаранокии механизмҳои идораи амнияти озуқаворӣ (дар миқёси минтақаҳои ҷумҳурӣ);

• ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда;

• арзёбӣ ва мониторинги фаъолнокии соҳибкорӣ дар чорчӯбаи таъмини амниятии минтақавӣ;

• дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистондар самти амнияти иттиоотӣ дар дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ;

• хусусиятҳои хоси амнияти иҷтимоии Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ.

Бояд гуфт, ки қисми зиёди тадқиқоти номбурда дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба итмом расидааст ва умедворем, ки дар нимсолаи дуюми соли 2018 пажӯҳишҳои илмии боқимонда дар сатҳи баланд аз тарафи раёсатҳои Марказ анҷом дода мешаванд.

Сипас муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар бораи фаъолияти илмии Марказ сухан ронда, зикр намуд, ки шаш моҳи соли ҷорӣ барои коргарони раёсатҳои Марказ бобарор ва пурмаҳсул ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи раёсатҳои Марказ 14 чорабинии илмию амалӣ дар чунин мавзӯъҳо баргузор гардид:

• "Тоҷикистон–Туркманистон: 25 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 9.02.2018);

• "Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (натиҷагирӣ аз «Соли ҷавонон»)" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 28.02.2018);

• "Наврӯзи байналмилалӣ–муаррифкунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ" (Мизи гирд, 16.03.2018);

• "Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ¬–рамзи дӯстию рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек" (Мизи гирд, 16.03.2018);

• "Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" (Мизи гирд, 25.04.2018);

• "Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон" (Конфронси илмию амалии байналмиллалӣ, 25.04.2018);

• "Масоили муҳими мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар замони муосир" (Мизи гирд, 27.04.2018);

• "Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар" (Мизи гирд, 30.04.2018);

• "Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 15.05.2018);

• "Ташаккули модели рушди индустриалӣ–аграрии Тоҷикистон" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 16.05.2018);

• "Ташаккул ва инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Мизи гирд, 18.05.2018);

• "Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар сарҳадоти ҷанубии ИДМ" (Мизи гирд, 29.05.2018);

• "Ваҳдати миллӣ–асоси иҷрои се ҳадафи стратегии кишвар" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 19.06.2018);

• "Паёмҳои Президенти ҶТ ҳамчун омили таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 26.06.2018).

Гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи МТС сари вақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, низ ширкат варзида, 30 маърӯза ва суханронӣ намуда, беш аз сад мусоҳиба ба васоити ахбори омма доданд.

Баъдан дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Ғафур Расулов, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Назрулло Сангинов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдураҳмон Қурбонов, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Шералӣ Ризоён, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабиниии сиёсати хориҷӣ Лоиқназар Собиров, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Тоҳирхон Баротов, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ҷаҳонафрӯз Даринг, сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Камолиддин Камолов дар бораи фаъолияти раёсатҳои худ тайи нимсолаи аввали соли 2018 мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Муқарризон ва музокирачиён дар қатори аҳамият ва арзиши кори илмию тадқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд ва барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои илмию методиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулулло Сафаров ва муовини директори Марказ Фарида Муминова ҷамъбаст намуда, натиҷагирӣ карданд ва барои боз дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ ба кормандони Марказ дастуру тавсияҳо доданд.

Хадамоти матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон