Асосӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вохӯриҳои беруна Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1518
mod_vvisit_counterДирӯз1907
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6344
mod_vvisit_counterДар ин моҳ31899
mod_vvisit_counterҲамагӣ1568379
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
21
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон

25.08.2018

24 августи соли 2018 дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ, асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазина, баррасӣ шуда, таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо, ба хотири ҳалли мушкилоти минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо аз раванди муколамаи доимии сатҳи олӣ ва вазъи муносибатҳои ду кишвар, ки ба таври назаррас рушд меёбад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, бахши кишоварзию саноат, тиҷоратию иқтисодӣ, алоқаи ҳавоӣ, рушди равобити илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи бар асоси анъанаҳои накуи дӯстӣ ва бародарӣ асосёфта, дар оянда низ ба манфиати мардумон рушд меёбад.

Бознашр "www.president.tj"