Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот МИЗИ ГИРДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "НЕСТ БОД ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ"
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз641
mod_vvisit_counterДирӯз1923
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3805
mod_vvisit_counterДар ин моҳ30871
mod_vvisit_counterҲамагӣ1395929
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
21
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "НЕСТ БОД ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ"

28.09.2018

Рӯзи 27 сентябри соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирди байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи "Нест бод ифротгароии динӣ" баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони як қатор сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, олимону коршиносон, васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт ва баргузории чунин ҳамоиши илмию амалиро ва самти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм, махсусан ифротгароии динӣ дар шароити мураккаби муосир дар доираи "Стратегияи милиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020" хеле муҳиму мубрам арзёбӣ кард. Сипас намояндаи ваколатдори Фонди Конрад Аденауэр оид ба

Осиёи Марказӣ Азиз Татибаев зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид кард, ки баргузории чунин нишасти илмиву амалӣ барои муқовимат ва муборизаи муштарак ба зидди падидаи номатлуби ифротгароии динӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Дар бахши аввали ҳамоиш рӯйнамоии китоби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Худобердбӣ Холиқназар ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи "Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?" баргузор гардид. Худобердӣ Холиқназар зимни муаррифии китоб қайд кард, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Истифодаи қудратҳои минатқавӣ ва ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсадҳои худ, қудрат, миқёс ва моҳияти хатари онҳоро хусусан, барои кишварҳои осебпазири мусулмоннишин даҳчанд менамояд. Бинобар ин, дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин қувва бошад. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиѓу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиѓотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои муваффақияти ин гурӯҳ ва ҷойгоҳи байналмилалӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад.

Китоби мазкур ба як силсила масъалаҳои мураккабтарини назариявӣ ва амалии ин самт посухи равшан ва содаву мушаххас медиҳад. Мақсади асосии мавод ин аст, ки бояд, пеш аз ҳама, ба худи кормандони мақомоти сиёсию қудратии мо ва сипас ба ҳар як шаҳрванди одии кишвар ба таври бисёр сода ва мушаххас рӯшан бошад, ки хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро дақиқан дар чист? Яъне ҳар хизматчии давлатӣ ва ҳар шаҳрванд бояд дақиқан бидонад, ки ин зуҳурот ба ватан, миллат ва номуси ӯ, ба фарҳангу боварҳои ӯ, ба зиндагии осоиштаи ӯ, ба ҳаёти худи ӯ, ба модару хоҳар ва зану фарзанди ӯ, ба хонаву молу мулки ӯ, ба манфиати шахсии ӯ... чӣ хатарҳои мушаххас дорад. Маҳз чунин дарки бевосита ва ҳиссию манфиатии хатари гурӯҳҳои ифротӣ метавонад зеҳни оммаи мардум ва мавқеи ҳар як шаҳрвандро дар муқобили ин ин зуҳурот омода намояд. Маҳз чунин дарки яқинии ҳамагонӣ метавонад заминаи сафарбаркунии тамоми зарфиятҳо, имкониятҳо, манфиатҳо, андешаҳо ва инсонҳоро дар муқобили экстремизм ва терроризм фароҳам оварад.

Пас саволи марказии ин асар чунин аст, ки хатари воқеӣ ва мушаххаси тафаккурӣ ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ба ватани мо, ба мардуми мо ва ба ҳар як нафари мо дар чист? Дар ин китоб ба ин саволи марказӣ ва як силсила саволҳои дигар посух дода мешавад. Ва ниҳоят, маводи ҳозир аз назари мантиқ ва забону тарзи баён хусусияти оммавӣ ва таблиѓотӣ дошта, барои истифода дар корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти мубориза бо тафаккури ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ пешбинӣ шудааст. Сипас дар поёни рӯйнамоии китоб ба иштирокчиёни ҳамоиш китоби "Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?" мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тақдим гардид.

Ҳамин тавр, Мизи гирди байналмилалӣ таҳти раёсати муовини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдуқодирзода дар мавзӯи "Хатари ифротгароии динӣ ба мазҳаби ҳанафӣ", муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ дар мавзӯи "Инъикоси ифротгароӣ ва терроризм дар шабакаҳои иҷтимоӣ: ташвиқот ва оқибат", муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросми миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарухлло Олимзода дар мавзӯи " Пешгирии ифротгароӣ ва баҳои воқеӣ ба амалҳои он омили муҳими суботи ҷомеа", намояндаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник С.Айниев дар мавзӯи "Омилҳои таъсиргузории динию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ", мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Б.Қурбонзода дар мавзӯи "Асосҳои ҳуқуқии мубориза бо ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Саидова дар мавзӯи "Сабабҳои ифротгароии динӣ" ва М.Муҳаммадҷонова дар мавзӯи "Омилҳои густариши ифротгароӣ миёни занҳо", сардори Раёсати таҳлил ва ояндабиниии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар мавзӯи "Ифротгароии динӣ ва фарҳанги хоси ҷавонон: масоил ва пешомадҳо" суханронӣ намуданд. Сипас пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ҳозирин фикру андешаҳои худро баён карданд. Дар ҷараёни баррасӣ ва муҳокима масоили омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии пайдоиш ва густариши ифротгароии динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва кишварҳои пасошӯравӣ, таъсири ҷараёнҳои муосири геополитикӣ ба амнияти умумии Осиёи Марказӣ; фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ: таҳдидҳо ва роҳҳои муқовимат; тамоюлҳои асосии танзими фаъолияти зиддитерористӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Мизи гирди байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон