Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Дар Душанбе дурнамои ҳамкории судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1515
mod_vvisit_counterДирӯз1907
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6341
mod_vvisit_counterДар ин моҳ31896
mod_vvisit_counterҲамагӣ1568376
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
21
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар Душанбе дурнамои ҳамкории судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид

05.10.2018

Тавсеаи робитаҳои дӯстона ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи ду соли охир на танҳо ба самти таҳкими ҳамкории ду кишвар, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам таъсири мусбат расонидааст. Ин матлаб дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ва мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» доир шуд, баён гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҳамоиш кормандони масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш аст, инчунин намояндагони Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон ва коршиносону олимон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш кормандони масъули Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳром Сотиболдиев ва Азиз Солеҳов роҷеъ ба ҳамкории афзалиятноки Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар карданд.

Зикр шуд, ки маҳз бо талошҳо, иродаи сиёсӣ, дурандешию хирадмандии Сарварони ду кишвари дӯсту бародар — Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат дар тамоми самтҳо густариш меёбанд. Сафарҳои давлатии Сарони ҳар ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар моҳҳои март ва августи соли равон дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи нави таърихӣ боз кард, ки он дар саҳифаҳои таърихи муосири ҳар ду давлат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Дар доираи сафарҳои давлатии сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар беш аз 50 санади байнидавлатӣ ба имзо расонида шуд, ки дар тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангии ду мамлакат нақши муассир мегузоранд. Хусусан ба имзо расидани Шартномаи шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба баланд гардидани сатҳи ҳамкории ду ҳамсоякишвар дар минтақа мусоидат менамояд.

Таъкид шуд, ки ифтитоҳи беш аз 10 гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷорӣ намудани сафари шаҳрвандони ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар дар зарфи як моҳ бидуни раводид ба тақвияти ҳамкории коммуникатсионӣ, рушди тиҷорат, омаду рафти шаҳрвандони ҳар ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар мусоидат намуд. Дар ин замина байни шаҳрҳои Хуҷанд-Тошканд, Панҷакент-Самарқанд, Душанбе-Деҳнав, Душанбе –Тирмиз хатсайрҳои нақлиётӣ барқарор гардидаанд, ки барои сафари мусофирон тавассути автобусҳои бароҳат ба шаҳрҳои ҳар ду давлат мусоидат менамоянд. Гардиши мол ҳамзамон дар шаш моҳи соли равон байни ду давлат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз афзудааст ва ҳар ду кишвар тасмим доранд, ки мубодилаи молро бо дарназарошти истифодаи имконоту захираҳои мавҷуда дар оянда то 1 миллиард доллар расонанд.

Ҳамзамон дар нишаст таъкид шуд, ки чанде қабл дар Душанбе бо ҳузури Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба истифода додани боғи «Низомидин Алишер Навоӣ» ва бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи шоирони адабиёти классикии тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ шаҳодати тавсеаи дӯстиву рафоқат ва рушди ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба дигар паҳлуҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон- иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, амнияти минтақа бо назардошти хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози назар намуда, пешниҳодоти судманд баён карданд.

Марзия САИДЗОДА,

Бознашр: АМИТ «Ховар»