Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ОМИЛИ СУБОТУ АМНИЯТ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1450
mod_vvisit_counterДирӯз1897
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12319
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25088
mod_vvisit_counterҲамагӣ1437536
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
16
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ОМИЛИ СУБОТУ АМНИЯТ

30.10.2018

Зиракии сиёсӣ омили амният, ваҳдати

миллӣ ва волоияти қонун мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ ва ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ рушду инкишоф ёфта, мақом ва манзалати назаррасеро дар фазои геополитикии олам соҳиб шудааст. Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Аммо бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои афроди алоҳида он қадар писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд. Лекин онҳо фаромӯш кардаанд, ки ин давлат бесоҳиб набуда, Президент, ки бевосита халқ интихобаш кардааст, Конститутсия, ки роҳнамои онҳост ва мардуми бонангу номусро дорад, ки шиори ҳаррӯзаи онҳо «СУЛҲ» мебошад.

Ин гуна афрод вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро ба фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд. Санаи 23.10.2018 дар сомонаи «Паём.нет.» баёнияе доир ба вазъи ВМКБ аз тарафи аъзои созмоне бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон», аммо дар асл ТЭТ ҲНИ чоп шудааст, ки далели гуфтаҳои болост. Мақсадашон аз мурча фил сохтан ва вазъиятро ба тарафи дигар бурдану афкори нопоки хешро бар сари мардум бор кардан аст. Мо тасмим гирифтем, ки чанд нуқтаро доир ба ботил будани андешаҳо дар ин баёния ва нияти барангехтани бадбиниву ноором сохтани фазои кишвар аз тарафи муаллифони ин баёния нишон диҳем:

Дар ибтидои баёния омадааст, ки «мақомоти Тоҷикистон дар як макони ором вазъияти буҳронӣ эҷод кардаанд; вазъияте, ки хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ дар Бадахшон дар пай дорад» ва гӯё, ки «ин буҳрон аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон эҷод» шудааст. Ин «кушту кушторҳо» аз нияти бади ин хоинон ва чизе, ки онҳо барои миллати тоҷик мехоҳанд, шаҳодат медиҳад.

Ақли кадом инсоне ин гапро қабул дорад, ки Президент дар кишвараш «фазои буҳронӣ»-ро эҷод мекунад. Тибқи моддаи 64 уми Конститутсияи ҶТ «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат…» мебошад. Президенте, ки аз тарафи халқ интихоб гардидаасту тибқи салоҳияташ барои суботи ҷомеа қарори заруриро қабул менамояд, магар «эҷоди вазъияти буҳронӣ» аст? Президенте, ки аз боварии халқи шарафманд бархӯрдор аст ва унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» -ро соҳиб аст, оё метавонад сабаби «хунрезиҳо» ва «кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ» гардад? Ҳаргиз не!!!

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ боварӣ доранд. Маҳз ин шахсият буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод. Мардонагӣ ва ҷонфидоии вайро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Маҳз ин шахсият буд, ки бо хиради азалии хеш дар он замони сахту душвор аз гуноҳи мухолифини силоҳбадаст, ки ҳазорон одамони бегуноҳро ба қатл расондаанд, гузашт намуда, бо онҳо сулҳ баст. Имрӯз идомадиҳандагони кори он мухолифин мехезанду мегӯянд, ки «вазъияти буҳронӣ эҷоди Эмомалӣ Раҳмон» аст. Дурӯғу макру фиреб аз ин бештар чӣ метавонад бошад?.

Муаллифони ин баёния кӯшиш кардаанд, ки вазъияти кунунии ВМКБ-ро хеле муташанниҷ нишон диҳанд ва гуё давлат «артиш ва неруҳои вижа»-ро «алайҳи шаҳрвандони худ» истифода бурдааст, ки ин ба ҳақиқати ҳол рост намеояд. Дар ВМКБ на танҳо алайҳи шаҳрвандон, балки бар зидди ҷинояткорон ягон қувва истифода нашудааст. Барои бартарафсозии мушкилоти мавҷудбуда дар ин минтақа дар як муддати кӯтоҳ тамоми мардум ба кумаки мақомоти давлатӣ камари ҳиммат бастанд ва муваффақ ҳам шуданд. Мардуми Бадахшон ҳамеша бар зидди ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ мубориза бурда, барои пос доштани сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон талош менамоянд.

Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афрод, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонанд, ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро хиёнат ба Ватан ва бозӣ кардан бо тақдири 9 млн. нафар аҳолӣ кори басо нобахшиданист.

Аз ин лиҳоз, имрӯз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан, ҷавонони шарафманди кишварамонро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шавем ва ҳаргиз нагузорем аз номи миллати мо чанд тан бозичаҳои дасти хоҷагони хориҷӣ сухан гӯянд. Ин суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи ҳаёти ҳаррӯзаи насли ҷавон мебошад, ки фармудаанд: «Сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои Ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад»

Фирӯзи Рамазон,
таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.