Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БОЗОРИ МОЛИЯВӢ ВА ҶАРАЁНҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ"
+++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз784
mod_vvisit_counterДирӯз1805
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта784
mod_vvisit_counterДар ин моҳ41741
mod_vvisit_counterҲамагӣ1815134
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
19
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БОЗОРИ МОЛИЯВӢ ВА ҶАРАЁНҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ"

28.06.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи "Бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёт, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷуҳи худро ба таъмини молиявии рушду пешрафти иқтисодиёт тавассути бозори молиявӣ ва сармоягузорӣ беш аз пеш равона кардааст.

Албатта, дар ин самт мушкилоту монеаҳо зиёданд ва дастгирии пешниҳоду иқдомоте, ки ҷиҳати амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи сиёсат ва фазои сармоягузорӣ барои таъмини молиявии рушди иқтисодиёти кишварамон кумак мерасонанд, муҳим ва саривақтист. Аз ин нуқтаи назар, баргузории чунин нишасту ҳамоишҳои илмиву амалӣ бо ширкати намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, коршиносону мутахассисони варзидаи иқтисодиёт барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар ин самт кумаки амалӣ хоҳад расонид.

Сипас, дар назди ҳозирин мудири шуъбаи қарзи дохилии Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Иброҳимов дар мавзӯи "Вазъи бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза", намояндаи Биржаи марказии фонди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Баҳромзода дар мавзӯи "Имконият ва рушди бозори коғазҳои қиматнок", намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" Сафар Сабзалиев дар мавзӯи "Имконият ва рушди бозори суғурта", сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарҷон Азизов дар мавзӯи "Ташкилотҳои қарзӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт", намояндаи Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёев дар мавзӯи "Амнияти сармоягузорӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан, пиромуни маърӯзаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт.

Конфронси илмию амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, таъкид намуд, ки нишасти илмию амалии мазкур ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии бозори молиявӣ тавассути сармоягузориҳо ва минбаъд беҳтар гардидани вазъи таъмини молиявии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон