Асосӣ: Маркази матбуот МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ
+++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз674
mod_vvisit_counterДирӯз1805
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта674
mod_vvisit_counterДар ин моҳ41631
mod_vvisit_counterҲамагӣ1815024
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
19
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ

01.07.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 бо хоҳиши Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷаноби Лучиано Калестини мулоқоти роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадқиқотчиёни байналмилалии Донишгоҳи Куинси шаҳри Белфасти Ирландияи Шимолӣ дар ҳайати директори Маркази тадқиқот ва инноватсияҳои иҷтимоӣ, профессор Пол Конноли, омӯзгори калон, доктори илм Сара Миллер, омӯзгори калон, доктори илм Лаура Данни, омӯзгор доктор Никол Крейг, мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ, доктори илм Сиобхан Фитспатрик, муовини мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ Паулин Волмсли баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Диловар Қодирзода дар аввал меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва дар бораи фаъолият ва ҳамкориҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасаран маълумот дод.

Сипас, ҳар ҳайати ду ҷониб масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои илмию тадқиқотиро дар самти омӯзиш ва парвариши томактабии кӯдакон дар доираи барномаҳои Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд ва дар ин бобат ба тавофуқ расиданд.

Дар вохӯрӣ мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ширкат варзиданд.

Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон