Асосӣ: Рушди соҳавӣ Нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об
+++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз662
mod_vvisit_counterДирӯз1805
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта662
mod_vvisit_counterДар ин моҳ41619
mod_vvisit_counterҲамагӣ1815012
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
19
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об

9 сентябри 2013 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамкории Маркази байналмилалии идоракунии хатарҳо ва офатҳои марбут ба об (International Center on Water Hazard and Risk Management, ICHARM/UNESCO) нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид.

Нишастро Намояндаи доимии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пайгирии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мунтазам муҳокима кардани масъалаҳои марбут ба офатҳои табиии вобаста ба захираҳои обӣ, ки зимни суханронии ӯ ҳангоми маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об 20 августи соли 2013 эълом гашта буд, мебошад.

Роҳбари Маркази байналмилалии мудирияти хатарҳо ва офатҳои марбут ба об доктор Кензо Ҳирокӣ таъкид кард, ки масъалаи офатҳои табиии вобаста ба об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин соҳа аз ҷониби ширкаткунандагони Конфронси Душанбе дастгирӣ ёфта, дар санади ниҳоии он ҳамоиш низ бозтоб ёфтааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии СММ ба таври мунтазам мавриди муҳокима қарор дода шавад. Ба ин мақсад, К. Ҳирокӣ даъват кард, ки ҷиҳати пайгирии масъалаи мазкур лоиҳаи қатъномаи дахлдори МУ СММ таҳия гардад.

Намояндагони доимӣ ва сафирони Афғонистон, Танзания, Намибия, Ямайка, Ҷумҳурии Доминикан ва Кабо Верде дар СММ, ки дар Конфронси Душанбе ширкат карда буданд, иқдоми ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиии марбут ба об дастгирӣ намуданд.

Дар хотимаи нишасти Гурӯҳи “Дӯстони об” С. Аслов хабар дод, ки ба манзури муаррифӣ намудани натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе, Намояндагии доимии Тоҷикистон 25 сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои умумии 68-умин иҷлоси Маҷмааи Умумӣ ҷаласаи махсусро таҳти раёсати Сарвазири кишвар Оқил Оқилов баргузор хоҳад кард