Асосӣ: Навигариҳо ДАР ШИНОХТИ БАШАРАИ МАНФУРИ ТЕРРОРИЗМ
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1526
mod_vvisit_counterДирӯз1907
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6352
mod_vvisit_counterДар ин моҳ31907
mod_vvisit_counterҲамагӣ1568387
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
21
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ДАР ШИНОХТИ БАШАРАИ МАНФУРИ ТЕРРОРИЗМ

Терроризм ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ робатаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Гуфтугӯ бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад. Онҳое ки огоҳӣ ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анҷом медиҳанд, ки ба ҷойи фоида ба ҷомеа зарар мерасонад.

Терроризми имрӯз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарист. Террористон аз расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсози мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вуҷуди одамон ҷо менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд.

Имрӯзҳо терроризм тобиши динӣ бештар касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамояд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирии ҳамаҷониба дар соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм– терроризми динӣ ба шумор меравад. Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи уммати исломӣ аҳамият дораду бас. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти Қуръон ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд.

Шак нест, ки терроризм дар пайи нест кардани низоми иҷтимоист. Дигар мақсади терроризм самтбахшии афкори омма мебошад.

Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи  калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд. Бояд гуфт, ки хушунат, қурбонии ғайринизомиён, ваҳшатафканӣ, такони равонӣ, ангезаҳои сиёсӣ, динӣ, шахсӣ, иқдомоти ғайриқонунӣ, баъди амали террористӣ содир кардани эъломия ва ба уҳда гирифтани масъулияти амали террористӣ кӯшиши самтбахшии афкори омма ҷанбаҳои асосии терроризм мебошад.

Иттиҳоди Аврупо аз 30 кишвар ташкил ёфта, яке аз қудратҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони имрӯз аст. Худи қитъаи Аврупо дорои 50 кишвар ва 60 миллат ҳаст. Дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо терроризмро ҷурм эълон намуда, ҷазои онро дар қонунҳои ҷазоияшон пешбинӣ намудаанд.

Ҷое, ки беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуд ҳаст, он ҷо терроризм реша медавонад. Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошад.

Онҳо бо як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ,ҳифзи ҳуқуқ ва ғайри низомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархӯрди тамаддунҳо» борои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан, террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Эътиқод ва афкори ифротӣ, динӣ ва қавмӣ доранд. Узвият дар созмонҳои террористӣ содаю осон нест, ҳамин тариқ баромадан аз ин гурӯҳҳо хеле хатарнок аст.

Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Дар тамоми ҳаракатҳои тундрав терроризми миллатгаро баҳри ҳадафҳои истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза менамояд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.

Наркотерроризм. Ин навъи терроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадиди миёни қочоқ барои маводи мухаддир сар мезанад. Дар вақтҳои киштукор,

ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо вусъат меёбанд.

Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода бурда шудааст.

Бераҳмтарин навъи терроризм терроризми динист. Террористони динӣ дар динҳои ислом, насроният, калимӣ (яҳудият), ҳиндуизм, буддизм ва дигар фирқаҳои мазҳабӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ мансубанд.

Кибертерроризм. Ин навъи терроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро ба роҳ мемонанд,барномаҳои парвози тайёраҳоро шикаста, садамаҳои ҳавоӣ ташкил менамоянд.

Терроризми ҳастаӣ. Ин навъ гурӯҳҳои террористон кӯшиши ба даст оввардан ва истифода намудани силоҳҳои қатли омро доранд. Давлатҳое, ки дорои яроқи ҳастаӣ мебошанд, масъуланд онро маҳфуз нигоҳ доранд, то ки силоҳон ба дасти террористон наафтанд.

Соли 1980 заҳри «трикутсан», ки бо номи «борони зард» маълум аст бар зидди муҷоҳидони афғон истифода шуд. Соли 1984 террористон аз маводи «солмонолез» ба воситаи неруҳои мазҳабӣ барои халалдор кардани интихоботи маҳаллӣ дар ИМА истифода карданд, ки дар натиҷа 751 нафар гирифтори бемории меъда гардиданд. Ду маротиба кормандони гумруки Канада дар солҳои 1993 ва 1995 ду нафарро, ки бо худ заҳри «ресану бутулин» доштанд, дастгир карданд. Ин маводи тарканда метавонист миллионҳо нафарро қурбон кунад. Баъзе гурӯҳҳои террористӣ силоҳҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти миллӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузоранд.

Имрӯзҳо ба мавҷудияти инсон хатарҳои зиёде таҳдид менамоянд. Хатарҳое, ки ба ҳастии инсон таҳдид мекунанд, ҷангҳои миллию мазҳабӣ, мусаллаҳшавии давлатҳо бо силоҳи қатли ом, гармшавии иқлими ҷаҳон, метеориту астероидҳо, дуршавии моҳ ба шумор мераванд. Дар асри ХХ ва оғози асри ХХ1 шадидтарин ҷангҳои миллию динӣ ва инқилобҳои синфӣ рӯй доданд, ки табиату инсон истисмор ва истило гардиданд. Буҳрони баҳри Кариб дар Куба ҷаҳонро андаке монда буд ба ҷанги атомӣ гирифтор намояд. Дар Ховари Наздик ва Миёна бархӯрди манфиати давлатҳои абарқудрат боиси ҷангҳои динию мазҳабӣ ва ташкил ёфтани гурӯҳҳои террористӣ гардидааст.

Ғайри бархӯрди манфиати абарқудратҳо эътиқоди динӣ ва мазҳабии одамон мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи созмонҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопок истифода карда мешавад. Ин эътиқодҳо боиси афзоиши нофаҳмӣ ва нооромӣ миёни одамон гардидааст. Тӯли таърих дар ҷомеаи инсонӣ одамон ҳеҷ гоҳ ба як дину ба як мазҳаб эътиқод надоштанд. Гаравиш ба ин дину мазҳабҳо бисёр вақтҳо шудааст, ки падару писарро аз ҳамдигар ҷудо карда, онҳоро муқобили ҳам ба сангарҳои мухолиф кашидааст. Аммо воқеияти зиндагӣ тақозо мекунад, ки одамон новобаста аз эътиқодот, мансубияти қавмию нажодиашон бояд бо ҳам муттаҳид шаванд.

Танҳо муттаҳидию ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.

Инсон ба ҷаҳон маънӣ мебахшад. Шахс дар зиндагӣ бояд ҳадаф дошта бошад. Агар инсон ҳадафу мақсад дошта бошад, пас зиндагияш маъно пайдо мекунад. Инсони комил худро муқобили қувваҳои ваҳшии табиат ва ҷамъият мегузорад. Тамоми зиндагии инсон дар асл аз муқобилат ва талош иборат аст. Мо ҳамеша дар муборизаву пайкорем, аз ин рӯ, зиндаем. Ба қавли аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ:

Соҳили афтода гуфт: Гарчи басе зистам,

Ҳеч на маълум шуд, оҳ, ки ман чистам.

Мавҷи зи худ рафтае тез хиромиду гуфт:

Ҳастам, агар меравам, гар наравам, нестам!

Дар олами муосир чизе устувор нест. Мавҷҳои «инқилобҳои ранга», «баҳори араб» ба қитъаҳои бутуни олам таҳдиди ҷиддӣ доранд. Дар чунин шароит ба табақаҳои ҳассосу осебпазири ҷомеа диққати махсус мебояд дод.

Омӯзгорони донишгоҳи исломӣ, намояндагони Шӯрои исломии Тоҷикистон, кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ хеле кам ва он ҳам бошад, вақти моҳи шарифи рамазон суханронӣ мекунанду бас. Ҳол он ки миёни ходимони дин шахсони босаводу мавқеи фаъоли шаҳрвандидошта кам нестанд. Аз ходимони дин, олимони соҳа, кормандони ба ин соҳа алоқаманди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани башараи манфури терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ, фаҳмонидани мавқеи дину мазҳаб нисбати ин падидаҳои манфии ҷамъият тариқи воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ истифода бояд кард. Дар ҳар манзили шаҳрванди Тоҷикистон радиову телевизион ҳаст ва онҳо ахбори лозимаро қабул намуда, мусаллаҳ мегарданд, маълумоти ибтидоӣ пайдо мекунанд, мавқеи давлатро мушаххас мефаҳманд ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ аз ин масъала низ огаҳӣ пайдо менамоянд.

Шояд кам касон донанд, ки дар Тоҷикистон даҳҳо таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ амал карда истодаанд, наврасон ва ҷавононро бо таълимоти ғайрирасмии динӣ фаро мегиранд, ки муҳтаво ва мундариҷаи ин таълим ба касе маълум нест. Дар даврони шӯравӣ дарсҳои динӣ шабона, пинҳонӣ ба роҳ монда мешуданд. Рӯҳан муллобачае,ки дар муҳити тарс пинҳонӣ дарс меомӯзад, аксаран афкори зиддидавлатӣ хоҳад дошт. Натиҷаи чунин фаъолиятҳоро солҳои 90-уми қарни гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон дид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонон ба тарзи оммавӣ барои таҳсил дар таълимгоҳҳои динӣ ба Эрон, Покистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия ва дигар давлатҳои Шарқи Наздик барои таҳсил рафтанд. Ходимони диние, ки дар ин давлатҳо тайёр карда мешаванд, табиист, ки ҷаҳонбинии ҳамон давлатҳо ва гурӯҳҳои дар он ҷойҳо фаъолият доштаро доранд. Арзишҳои динии дар он давлатҳо роиҷ ба мағзашон ҷо шудаю ба эътиқодашон табдил ёфтааст. Онҳо ба ватан баргашта, ба дигарон дарс мегӯянд ва пайравони худро пайдо мекунанд ва аз тарафи марказҳои кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Таҷрибаи гузаронидани аттестатсияи таълимгоҳҳои динӣ дар давлатҳои дигар вуҷуд дорад. Шояд ин таҷриба дар Тоҷикистон ҷорӣ гардад. Онро якҷоя бо сохторҳои давлатии ба дину оин сарукордошта ба роҳ мондан имкон дорад. Гузаронидани атестатсияи доимии имомхатибҳо, ходимони дин ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии динӣ ба мақсади мувофиқати касбӣ, ҷаҳонбинии динию дунявии онҳо ба исломи ҳақиқӣ аз манфиат холӣ нест. Ходимони дин ҳатман ва танҳо дар дохили Тоҷикистон тайёр карда шаванд.

Агар дар таълимгоҳҳои олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими асосҳои дин ба роҳ монда шуда, ба ин восита ходимони динии ба давлату миллат содиқ тарбия карда шаванд, нуран алонур мебуд. Ходимони дин, махсусан имомхатибҳо, онҳое ки ба таълимоти динии аҳолӣ сарукор доранд, бояд дорои ду маълумоти олӣ (динӣ ва дунявӣ) бошанд. Имону эътиқод ба ислом бошаду вале дониши динӣ набошад, одам метавонад ифротгаро шавад. Хоҳишмандоне ҳастанд,ки барои таълимоти динӣ гирифтани фарзандонашон онҳоро бо худ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва ғайра мебаранд.

Солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ ва арабӣ воқеият собит намуд, ки маҳз ҷавонон гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ мешавад. Дар ин ҷода фаъолияти дурусти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиати зиёде оварда метавонад. Гумон мекунам диққати асосиро ҷавонони дар маҳалҳо буда, талаб менамоянд. Имрӯз масъалаи ҷавонон аз нигоҳи тафаккури онҳо, муносибат ба дину мазҳаб ва оинҳо ташвишовар аст. Ташаккули идеологии ҷавонон қариб ба ҳоли худ гузошта шудааст. Ҳол он ки тақдири ҳар миллату давлат ба масъалаи идеологӣ ва тарбиявию ахлоқии ҷавонон вобаста аст. Аз рӯҳониёни суннатӣ барои тарбияи насли нави рӯҳониён ва умуман, тарбияи динию маънавии наврасону ҷавонон ба таври фаровон истифода бояд кард. Масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ мақоми масъалаи стратегиро касб бояд намояд. Барои татбиқи он мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма якҷояю бо мутобиқат амал намоянд.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифаи кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст. Ба ватани мо омилҳои хатарбори зиёде, мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ таҳдид менамоянд. Ин воқеият ба оромию суботи минтақа ва Тоҷикистон хатар дорад.

Имрӯз дар ҷаҳон масъалаи терроризмро ба дини мубини ислом нисбат доданӣ мешаванд. Ин тарзи муносибат гаразнок буда, мутаассифона, тарафдорони худро дорад. Оё бо ин айби бардурӯғ ба дини ислом ва фишору таҳқири мардуми мусулмон терроризмро маҳв кардан мумкин аст? Ҳаргиз не!

Ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолҳои муҳими имонӣ медонад. Айнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст.

Дар мисоли одамони муваффақ дар соҳаҳои гуногун барои ҷавонон тавассути васоити ахбори умум пешкаш намудани мисолҳои зинда ба манфиати кор аст. Мақсад он аст, ки ҷавонон намунаи одами муваффақро бибинанд ва ба он пайравӣ намоянд. Манзурам он аст,ки воситаҳои ахбори омма барои ҷавонон идеал офаранд ва он симо боиси пайравӣ гардад.

Боиси ташвиш аст, ки ҳоло 1094 нафар ҷавонони гумроҳи тоҷик дар сафҳои гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» меҷанганд. Суханони канслери Олмон Ангела Меркел дар бораи ислом ва мусулмонон барои ҳар як мусулмон бисёр нанговар аст, вале афсус, ки ҳақиқат аст. Ана, ин суханон: «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ

зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Мақтулаш ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутавваҷеҳ нестем дин чист». Чӣ қадар нанговар! Аммо чӣ метавон кард, ки ҳақиқат аст. Шояд суханони хонум Меркелро хонда, ҳар як мусулмон мақоли «муъмин бародари муъмин»-ро ба ёд биёранд.

Имрӯз ҷаҳон субот надорад,ҳайфе,

Як ними замин хоб надорад, ҳайфе,

Аз ҷанги Сауд бо Яман сад тавба,

Муслим бародарӣ надорад, ҳайфе.

Танҳо моҳи март чаҳор нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми зархаридӣ ва қасди ширкат дар ҷангҳои Сурия ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳамаи онҳо аз сӯйи мақомоти Туркия дар марз бо Сурия дастгир шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ботирали Ҷалоловро 7 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ботиралӣ ҳангоми муҳоҷират дар Федерастсияи Русия тариқи шабакаи «Одноклассники» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо лақаби «Абумайрам» шинос шуда, даъвати ӯро барои пайвастан ба террористони «Давлати Исломӣ» пазируфт ва 13-уми октябри соли 2015 ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз кард. Аммо дар сарҳади Сурия аз сӯйи мақомоти Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Назаралӣ Сафарзода, ки дар шаҳри Санкт-Петербург тавассути ҳамватанаш А.Х.Доров ба созмони террористии «Давлати Исломӣ» шомил гардида буд, рӯзи 7 октябри 2015 бо ҳавопаймо ба Истанбул парвоз намуд. Назаралӣ низ вақти гузаштани сарҳади Сурия ба даст афтод ва ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Назарали Сафарзодаро ба 7 соли зиндон маҳрум кард.

Заррина Сардорова соли 2015 ҳашт моҳ дар Сурия ба сар бурдааст. Дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо ҳар ном саҳифаҳо кушода, худро «зани ҷиҳодӣ» муаррифӣ мекард. Ӯ тариқи интернет бо Маърифат ном зани узви «Давлати Исломӣ» шиносоӣ пайдо намуда, бо даъвати ӯ 23 январи соли 2015 ба Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз намудааст. Ҳамроҳи Маърифат ва шавҳари вай аз сарҳад мегузарад ва дар шаҳри Дайруззори Сурия ба ҷиҳодиён ҳамроҳ мешавад. Бо супориши роҳбарияти ташкилоти террористии бо ном «Давлати Исломӣ» ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҷиҳодиён машғул шуд. Ба пайвандон ва дӯстонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремистӣ даъват менамуд. Заррина Сардорова тибқи моддаҳои 307 қисми 2 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар деҳаҳои Даҳана ва Шӯрча, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12 нафарро бо иттиҳоми тарғиби ғояҳои ифротгароии динии ташкилоти экстремистии «Ҷиҳодгароён» ва даъвати мардум барои барпо намудани хилофат дар Осиёи Марказӣ дастгир намуданд.

Тавре,ки маълум шуд роҳбари ин ҷамъияти «Ҷиҳодгароён» шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон Алишер Каримов бо лақаби «Мулло Алӣ» будааст. Ҳамдеҳагонаш ва пайравонашро гирд оварда, ба ҷалби ҷавонон ба сафи муҷоҳидон машғул мешавад. Ӯ ҷавонони гумроҳро ба Ҷумҳурии Туркия мефиристод ва баъди дар он ҷо мағзшӯйӣ шуданашон, онҳоро ба Ҷумҳурии Сурия мефиристоданд. Ба воситаи интернет ба ҳаммаслакони дар Сурия будаи худ дар тамос буд. Алишер Каримов, муътақидони худро ба воситаи Афғонистон–Покистон–Сурия ба сафи «Давлати исломии Шому Ироқ» мефиристод. Ба ҳар як ҷалбшуда 500–600 доллар медод.

Мулло Алӣ шахсан чанд маротиба гурӯҳҳои ҷавононро бо канорароҳҳои ноҳияҳои Ёвону Шӯробод тарафи Афғонистон бурда, онҳоро ба ҷиҳодиёни афғон супоридааст. Тафтиши аъмоли Алишер Каримов давом дорад. Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсидин Фатҳидинови 30 сола ва Саймубиддинов Самовиддини 28 солаи сокини ноҳияи Ҷиликӯлро боздошт намуд, ки қасди тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро доштанд. Шамсиддин Фатҳиддинов ба дараҷае ифротӣ шудааст, ки худро бо мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди бозори шаҳри Мосули Сурия таркондан шудааст. Фатҳудинов ва Саймубиддинов тариқи Ҷумҳуриии Туркия ба Федератсияи Русия ва аз он ҷо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанд.

Бо мақсади тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шамсиддин ва Савомиддин зарфҳои газдору мошин тайёр карда буданд, вале хушбахтона, ба даст афтоданд. Тафтишот идома дорад.

Дар дигар нуқтаҳои ҷаҳон террористон даст ба таркишу амалҳои дигари даҳшатовар мезананд. Дар таърихи 27 марти соли 2016, дар боғи «Гулшани Иқбол»-и шаҳри Лоҳури Покистон маргталабе худро тарконд. Ин таркиш 72 қурбонӣ ва зиёда аз 300 захми боқи гузошт.

Дар санаи 22 марти соли 2016 таркишҳо дар Брюселл, дар метро ва дар фурудгоҳ боиси марги 34 нафар гардиданд. Тӯли таърих империяҳо, шоҳигариҳо, қавитарин лашкарҳо, ҷаҳонитарин динҳо ва бисёре аз кишварҳо, нажодҳою миллатҳо маҳз аз ихтилофи назарҳо таназзул ёфтанд. Ҳама гуна низоъҳо, чи қавмӣ, чи динию мазҳабӣ ва маҳаллӣ, аз ихтилофи назари табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ маншаъ мегиранд.

Ҷараёни равандҳои сиёсӣ собит менамоянд, ки ихтилофоти иҷтимоӣ бо дахолдат аз берун бо дахолати тарафи сеюм буҳронӣ мешавад. Гурӯҳи сеюм танҳо ба хотири ба вуҷуд овардани вазъи буҳрони яке аз тарафҳои даргирро дастгирӣ намуда, таваҷчуҳи ҷомеаро самти ба худашон зарур мебахшанд ва бо ин пардаи «харҷу марҷ»-и сиёсию иҷтимоӣ мақсадҳои нопоки худро пиёда мегардонанд. Аз рӯйи мақоли англисии «тафриқа андозу ҳукмрони намо» амал намуда, давлатҳои бутунро ба пораҳо тақсим менамоянд (Олмонҳои демократӣ ва федоролӣ, Судон, Гвинея…). Ин кишварҳо ба ду давлат ва Гвинея ба се давлат тақсим шуданд. Дар чунин ҳолати воқеии парокандагӣ аз пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳоҷати гап нест. Дар кишвари Ироқ вақти сари қудрат будани Саддом Ҳусейн таълим,табобат ройгон буду суботи ҷамъият пойдор, аммо манфиати давлатии ИМА ин кишварро ба бесуботию хунрези мувоҷеҳ гардонид. Саддом Ҳусайн моҳи декабри 2006, рӯзи иди Қурбон ба дор овехта шуд. Имрӯз Ҷумҳурии Ироқ як давлати ноамн, гирифтори таркишҳою макони гурӯҳҳои террористӣ гардидааст, аммо аз яроқи қатли оми Ироқ то имрӯз дараке нест. Шояд ИМА аз ҳисоби нафти Ироқ хароҷоти дар Афғонистон кардаашро пӯшонидани (ҷуброн) карданӣ буд? Шояд. Ироқи имрӯз низ се пора аст. Дар шимолу шарқ гурӯҳи террористии ДИИШ хилофати худро бунёд кардааст. Минтақаҳои курднишин талоши истиқлолиятро доранд. Ва ниҳоят пораи дигар минтақаҳои зери назорати артиши ҳукуматии Ироқ.

Талоши абарқудратҳо барои пиёда гардонидани манфиатҳои миллии худ дар нуқтаҳои гуногуни олам боиси пайдоиши ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ноамнию бесуботию бесару сомониро боис мешавад.

Дар таърихи 16 декабри соли 2014 аъзои ҳаракати Толибони Покистон иборат аз 9 нафар ба мактаби кӯдакону наврасон воқеъ дар шаҳри Пешовар ҳамла намуда, 132 кӯдак ва 9 омӯзгорро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Дар ин миён писараки 9-сола низ буд. Навоз Шариф, сарвазири Покистон баъди ин ҳодиса ҳукми қатлро барои террористон, ки қаблан манъ шуда буд, дубора ҷорӣ кард.

Худи ҳамон рӯз дар Ҷумҳурии Ироқ 150 духтару зан (қисме занони ҳомила) ва кӯдакон аз тарафи силоҳбадастони ДИИШ қатл карда шуданд. Сабаб он буд, ки ин занону духтарон аз ҳамхобагӣ бо ҷангиёни ДИИШ сар печиданд. Маъракаи интихоботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва ғайричашмдошт дастболо шудани охир ҷомеаи Афғонистонро метавонист ба гирдоби ҷанги қавмӣ кашад. Ба хотири оромиши Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ аз даъвои президентӣ гузашт ва вазифаи сарвазири Афғонистонро ба уҳда гирифт. Ба ин монанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои якпорчагии кишвар, Ваҳдати миллӣ ҷон ба каф гирифта, оқибат Тоҷикистонро ба як давлати воҳид, марзи сулҳу субот табдил дод. Шубҳае нест, ки Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар Афғонистон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намояд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухолифинро ба Ватан баргардонид, ба сохторҳои идории давлати шомил намуд ва бо ин суботи ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро таъмин кард. Аммо кӯрнамакҳо низ буданд. Баъди соли 1997 то имрӯз силоҳбадастони мухолифини тоҷик на як бору ду бор хиёнатро нисбати миллату давлати худ раво диданд, аз қабили Мирзо Зиёев (Тавилдара), Алии Бедакӣ, Мулло Абдулло (Рашт), Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим қасди табадулоти давлатӣ дошт). Ҳамаи ин магар терроризм нест? Бешубҳа, терроризм аст. Терроризмест, ки дар ҳар як давлат бо башараи хоси худ, вале мазмунан ҳама ҷо яксон, бо тарсондани мардум, дар дили онҳо ҷой кардани воҳима пайдо мешавад. Бо вуҷуди ин, чунончи дар урфият дар ин маврид мегӯянд:

Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Зубайдулло Давлатов, сармутахассиси

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон