Асосӣ: Навигариҳо МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «БАХШИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ДАРОЗМУДДАТ»
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз825
mod_vvisit_counterДирӯз1323
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2148
mod_vvisit_counterДар ин моҳ18678
mod_vvisit_counterҲамагӣ1007260
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «БАХШИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ДАРОЗМУДДАТ»

15.12.2017

Дирӯз, 14 декабри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Бахши бонкии Тоҷикистон: имкониятҳои рушди дарозмуддат» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, Бонки миллӣ, бонкҳои давлативу тиҷоратӣ, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, олимону мутахассисон ва коршиносони соҳаи низоми бонкӣ ва хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватанӣ ширкат варзиданд. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки баррасӣ ва арзёбии мавзӯи “Бахши бонкии Тоҷикистон: имкониятҳои рушди дарозмуддат” яке аз мавзӯъҳои муҳим ва мубрами рӯз ба шумор меравад ва беҳуда нест, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки соли 2017 барои ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ниҳоят мураккаб ва пур аз мушкилот буд. Бо вуҷуди дастовардҳо ва тағйироти мусбат, бар асари таъсироти буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар ин давра баъзе бонкҳои мамлакат, аз қабили «Агроинвестбонк», «Содиротбонк», «Тоҷикпромбонк», «Фононбонк» уҳдадориҳои худро дар назди муштариён иҷро карда натавонистанд. «Тоҷикпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон гардиданд. Амонатгузоштагон дар бонкҳои мазкур маблағҳои худро гирифта натавонистанд, дар навбати худ мизоҷони бонкҳо низ маблағҳои қарзгирифтаи худро барнагардониданд.

Мушкилоти мазкур ба соҳибкорӣ низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки вазъи ҳозираи бонкҳо, сабабҳои муфлисшавии баъзе бонкҳои тиҷоратии кишвар, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати муътадил гардонии фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат, ҳолати ҳозираи менеҷменти бонкӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор диҳад.

Ҳамин тавр, Мизи гирд таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дар мавзӯи “Сабабҳои муфлисшавии баъзе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва вазифаҳои аввалиндараҷа доир ба такмили низоми бонкӣ”, муовини раиси Бонкии миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар мавзӯи “Стратегияи Боки милии Тоҷикистон ҷиҳати муътадилгардонии фаъолияти ташкилотҳои қарзиии мамлакат”, намояндаи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷомӣ Чиниев дар мавзӯи “Ташаккули бахшҳои устувори молиявӣ дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ”, сардори Департаменти молияи бонки ҶСК “Эсхата” Толибҷон Исроилов дар мавзӯи “Ҳолати ҳозираи менеҷменти бонкӣ дар ТҶСК “Эсхата” ва роҳҳои такмили он барои беҳтар намудани хизматрасониҳо”, директори Департаменти тараққиёт ва идораи БДА ҶТ “Амонатбонк” Хурсанд Камолзода дар мавзӯи “Мақом ва нақши “Амонатбонк” дар низоми бонкии мамлакат дар шароити муосир” суханронӣ намуданд.

Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳозирин роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳшуда фикру андешаҳои ҷолибу судманд изҳор намуданд. Иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷумла ба масъалаҳои зерин посух гирифтанд.

1. Дурнамои рушди сегментҳои асосии бозорӣ бонкӣ: оё дар ин самт афзалиятҳо дигар мешаванд?

2. Сифати портфели кредитӣ ва дараҷаи хатарҳо: оё устуворӣ муяссар мегардад?

3. Нақдинагии (ликвидность) бахши бонкӣ: оё масъала ҳалли худро ёфта истодааст?

4. Чӣ тавр дар активҳои низоми бонкӣ активҳои мушкилотдорро кам намоем?

5. Фоиданокии бахши бонкӣ: оё тамоюл ба пастшавӣ тағйир меёбад?

6. Мутамарказии бозори бонкӣ: оё тағйирот дар назар хаст ё не?

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон