Асосӣ: Навигариҳо МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Имкониятҳои рушди низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои Тоҷикистон»
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз902
mod_vvisit_counterДирӯз1152
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6457
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22436
mod_vvisit_counterҲамагӣ1315103
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
21
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Имкониятҳои рушди низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои Тоҷикистон»

19 декабри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Имкониятҳои рушди низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони риштаи иқтисод, коршиносони варзида ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҳамоиши илмиву амалӣ хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ қайд кард, ки сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро пешрафту тараққиёти иқтисодиву иқтимоии кишварамон ба таъмини рушди сармоявии иқтисодиёт вобастагии зич дорад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар ба ҷалби сармоягузорӣ зоҳир менамояд.

Ҳоло санаду меъёрҳои амалкунанда воридшавии сармояро ҳавасманд менамоянд. Санадҳои мазкур барои ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузории хориҷӣ пешниҳоди имтиёзи андоз ба сармоягузорон, ҳимояи сармоя аз милликунонӣ ва мусодира, кам кардани маҳдудият барои саҳми сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёти кишвар, ширкати онҳо дар хусусигардонӣ ва рушди инфрасохтор ва ғайра равона гардиданд. Ҳамкории ҷумҳурии мо бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ рушд ёфта, бо ташаббуси онҳо даҳҳо лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни инфрасохтори давлатӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ, аз қабили тандурустӣ, нақлиёт, маориф, энергетика ва обтаъминкунӣ ва ғайра амалӣ мегарданд. Беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ба зиёд гардонидани сафи сармоягузорони хориҷӣ имкони мусоид фароҳам овард. Барои боз ҳам хубтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, бахусус сармоягузорӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, дар бобати содаву осон гардонидани низоми андозбандию тиҷорат, дастгирии давлатӣ, дастрасӣ ба сарчашмаҳои молиявию қарзӣ ва аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ тадбирҳои зарурӣ минбаъд низ дар кишварамон татбиқ карда мешавад. Дар понздаҳ соли оянда фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар гардида, ҳиссаи сармоягузориҳои хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 5 то 25 дарсад зиёд мегардад.

Албатта, дар самти сармоягузорӣ мушкилот ва монеаҳо зиёданд. Бинобар ин, дастгирии пешниҳоду иқдомҳое, ки ба таъмини самаранокии рафти ислоҳоти иқтисодӣ дар чорчӯбаи сиёсат ва фазои сармоягузорию ҳамгироиҳо бо афзалиятҳои соҳавию минтақавӣ мусоидат менамоянд ва баргузории чунин нишасту ҳамоишҳои илмиву амалӣ бо ширкати намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, коршиносону мутахассисони варзидаи иқтисодиёт барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, нишасти якуми Мизи гирд бо унвони “Гузориши масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ” таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова ба кори худ шурӯъ кард. Дар назди ҳозирин сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналмилалии КВД «Тоҷинвест» Ханс Йоахим Зигертро дар мавзӯи «Имкониятҳои такмили фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сармутахассиси Муассисаи давлатии фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Саъдиев дар мавзӯи «Дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ дар минтақаҳои кишвар бо қарзҳои имтиёзнок», ҳамоҳангсози лоиҳа/мушовир оид ба рушди занҷираи арзиши иловашудаи Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Б.Қурбонов дар мавзӯи “Арзёбии татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, мушовири иқтисодии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Абдурауф Ҷӯраев дар мавзӯи «Арзёбии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», мушовири иқтисодии Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Дилшод Одинаев дар мавзӯи «Арзёбии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат», раиси Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Раҳимзода дар мавзӯи «Маблағгузорӣ ба фаъолияти соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Дар нишасти дуюми Мизи гирд пиромуни мавзӯъҳои зерин дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт:

• Вазъи арзёбии фазои сармоягузорӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар. • Ҷанбаҳои соҳавию минтақавии рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.

• Масъалаҳои дастрасӣ ва истифодаи захираҳои қарзи молиявӣ.

• Арзёбии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар соҳаи саноат.

• Арзёбии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

• Арзёбии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа.

• Арзёбии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар низоми савдо ва хӯроки умумӣ.

Ҳозирин ба саволҳои матраҳшуда бо таваҷҷуҳ ба соли 2018:

–Соҳибкорию сармоягузорӣ бо кадом чолишҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

–Дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ бо кадом воситаҳо метавонад воқеан устувор гардад?

–Бо иҷрои кадом шартҳо, хизматрасонии молиявии соҳибкории хурд ва миёнаро метавон рушд дод?

–Бахши молиявии ғайрибонкӣ чӣ тавр бояд фаъол гардад?

–Ояндабинии вазъи бозори дохилӣ ва хориҷиро чӣ гуна арзёбӣ менамоед? – посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон