Асосӣ: Маркази матбуот ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз821
mod_vvisit_counterДирӯз1323
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2144
mod_vvisit_counterДар ин моҳ18674
mod_vvisit_counterҲамагӣ1007256
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26.12.2017

Рӯзи 26 декабри соли 2017 ҷаласаи Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нишасти илмиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, меҳмонон, аъзои Шӯрои олимони Марказро ба ин нишасти илмӣ хайрамақдам гуфт.

Сипас ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар доир ба фаъолияти илмиву таҳлилӣ, илмиву ташкилии Марказ дар соли 2017 гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2017 пажӯҳиш ва тадқиқот дар мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

• Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2017 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот дар мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

• омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунии амнияти минтақавӣ ва муайян кардани самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ;

• равандҳои муосир дар байни ҷавонон ва масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда;

• амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор;

• низоми таъмини амнияти иттилоотӣ дар раванди амалишавии сиёсати хориҷӣ:

1.Натиҷаҳои илмӣ дар соли 2017

Дар бахши сиёсӣ корҳои илмию тадқиқотӣ дар панҷ самт гузаронида шуданд. Аз рӯйи мавзӯи «Хатарҳо ва таҳдидҳои асосии минтақавӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисоботи фосилавии «Омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунии амнияти минтақавӣ, муайян кардани самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ» иҷро гардид. Дар ин тадқиқот самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ, омилҳои асосии муноқишадори минтақавӣ, хусусан водии Фарғона, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили паҳнкунии ғояҳои радикализми динӣ ва экстремизм, масъалаи қочоқи маводи мухаддир ҳамчун яке аз омилҳои асосии ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти минтақавӣ таҳдидкунанда, муайян карда шуданд. Натиҷаҳои дар рафти тадқиқот ба даст овардашуда метавонанд ба равандҳои зерин мусоидат намоянд: коркарди нақшаи чорабиниҳо баҳри таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳияи барнома, консепсия ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи мушкилоти амнияти миллӣ ва минтақавӣ; муайян кардани таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва равандҳои бо онҳо вобаста.

–Аз рӯйи мавзӯи «Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди амалишавии он дар ҷаҳони таҳаввулёбанда» ҳисоботи фосилавии «Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда» иҷро карда шуд, ки дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мактаби комили сиёсӣ ва таҷрибаи идоракунӣ табдил гашта, асосҳои назариявӣ, меъёрҳои арзишӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, авлавиятҳо ва самтҳои асосии он шакл гирифтанд. Исбот шуд, ки маҳз татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии манфиатмеҳвар ва консепсияи сиёсии «дарҳои боз» манфиатҳои миллии Тоҷикистонро таъмин намуда, вобастагии сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои амнияти миллиро нишон медиҳад. Консепияи нави сиёсати хориҷӣ, сиёсати хориҷии кишварро ба талабот ва таҳдидҳои бароянда аз вазъияти нави геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир мутобиқ ва ҷавобгӯ гардонида, манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои нишондодашуда ҳифз ва амалӣ менамояд;татбиқи муваффақонаи дипломатияи дуҷониба, бисёрҷониба, иқтисодӣ, муносибатҳо дар соҳаи об, фарҳангию башардӯстона ва иттилоотӣ боис мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор касб карда, Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва амнияти миллии кишварро дар сатҳи зарурӣ ҳифз намоем.

–Муайян карда шуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият давраҳои асосии ташаккули худро аз сар гузаронида, идомаи мантиқии рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо васеъ намудани доираҳо ва коркарди самтҳои нави таҳкими дипломатияи тоҷик вобаста буда, натиҷаҳои бадаст овардашуда рушди сифатии сиёсати хориҷӣ ва татбиқи беҳтари самтҳои онро таъмин хоҳад кард; татбиқи дипломатияи иқтисодӣ илова бар муаррифии имкониятҳои иқтисодии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ, таваҷҷуҳ ба солимсозии фазои сармоягузорӣ дар дохили кишвар низ муҳим буда, боиси ташаккули эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ва таҳкими иқтисодиёти миллӣ мегардад;зарфиятҳои дипломатияи фарҳангӣ васеъ буда, ба кор гирифтани онҳо метавонад дар муаррифии симои тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мутамаддини муосир, ки он боиси тағйири муносибати ҷаҳониён нисбати кишварамон ва рушди муносибатҳои инсонӣ, фарҳангӣ, илмӣ, сайёҳӣ ва ғайра мегардад; дипломатияи муносибатҳо дар соҳаи об на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, балки ҷанба ва аҳамияти бузурги сиёсӣ дошта, ба раванди устуворшавии ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол, баробарҳуқуқ ва соҳибташаббуси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккули имиҷи кишвари осудаву некманзар таъсири ҷиддӣ гузошта, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об бахши ҷиддие аз талошҳои Пешвои миллат барои рушду устувории давлатдории миллии тоҷикон ва тасдиқи ҷойгоҳи байналмилалии он мебошанд; дар шароити асри иттилоотӣ ва шиддатёбии набардҳои иттилоотӣ рушди дипломатияи иттилоотӣ барои коҳиши таъсири таҳдидҳои иттилоотӣ аҳаммияти ҳаётӣ дошта, он бояд на танҳо хусусияти дифоӣ ва вокунишӣ, балки ҳамчунин хусусияти хабарсозӣ, арзишофарӣ, тасаввурсозӣ ва ҳатто ҳуҷӯмкунандагӣ дошта бошад,зеро пас аз дар фазои иттилоотӣ ҷой гирифтани маводи манфӣ нисбат ба Тоҷикистон, таъсири маводҳои ҷавобӣ нисбат ба таъсири маводи чопшудаи аввал хеле камтар ва баъзан бар зарари кор аст.

–Аз рӯйи мавзӯи «Равандҳои сиёсати дохилӣ ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисоботи ҷории «Равандҳои муосир дар байни ҷавонон ва масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Дар натиҷаи тадқиқот тасдиқ гардид, ки тамоюлҳои гуногун дар муҳити ҷавонони Тоҷикистон ҷараён дошта, таҳқиқи раванд ва манбаъҳои такондиҳандаи онҳо барои дарки дурусти масъала ва ҳамзамон барои мудирияти муваффақонаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар шароити заруриро ба вуҷуд оварда,таҳлили равандҳои сиёсию идеологӣ дар муҳити ҷавонон барои силсилаи иқдомҳо дар самти таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таъсири мусбат мерасонад; исбот карда шуд, ки зарфиятҳои ватанӣ ва фарҳангу маърифати миллӣ дар самт додани муҳити ҷавонон ба таври комил истифода нашуда иқдомҳои ҷиддӣ чун шаклҳои муосири шуурофарӣ, ҳавасмандкунӣ ва мудирияти соҳа бо назардошти фарогир шудани ҷомеаи иттилоотӣ ва таъсири фарҳангу ҷаҳонбинии бегона хеле муҳим мегарданд: омилҳои калидӣ – дар муқовимат бо таъсири бегонапарастӣ рақобатпазир будани ғояи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад;бо сабаби маҳдуд ва номуайян будани салоҳиятҳои бахшҳои маҳаллии мақомоти маҳаллӣ амнияти мардум зери таъсири омилҳои зикршуда хоҳад монд; бе ислоҳоти соҳаи ВАО-и ватанӣ низ дар кишварамон нигоҳ доштани ҷавонон мушкил шуда, муҳоҷирати меҳнатӣ ҷавонони деҳоти кишварро сироят намуда, силсилаи мушкилотро ба вуҷуд овардааст; ҷомеа дар маҳалҳо ба бунёди мактабҳои типи нав, ба илму ихтироот ҷалб намудани ҷавонону наврасон, баланд бардоштани малакаҳои ҳаётии онҳо ба хотири рушди худшиносии миллии онҳо зарурат пайдо кардааст.

–Ҳамчун қисми мавзӯи «Амнияти иҷтимоӣ– чун омили устувории ҷомеа ва рушди миллӣ дар Тоҷикистон» гузориши фосилавии «Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор» иҷро карда шуд, ки ҷанбаҳои назариявии масъалаҳои амнияти иҷтимоиро чун яке аз меъёрҳои асосии нигаҳдории суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа муайян карда ба хулосае омадем,ки омилҳои манфие, ки айни ҳол дар соҳаи иҷтимоӣ (илм, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират) вуҷуд доранд метавонанд таъмини амнияти иҷтимоиро халалдор созанд; тасдиқ карда шуд, ки бартараф намудани ин менеаҳо барои таъмини амнияти иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гашт: барои ҳалли мушкилот амалӣ гардидани нишондодҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дар соҳаи иҷтимоӣ;ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани захираи зеҳнии ҷумҳурӣ;амалӣ гардидани меъёрҳои асосии Шохиси рушди инсонӣ дар самти таҳсилот ва саломатии шаҳрвандон хеле муҳим арзёбӣ шудаанд.

–Дар бахши иқтисодӣ аз рӯйи се самт тадқиқот гузаронида шуд,ки дастовардҳои асосии онҳо чунинанд:

–арзёбӣ ва мониторинги фаъолнокии соҳибкорӣ ва фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон;

–арзёбӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон;

–арзёбӣ ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон.

Дар давоми соли 2017 натиҷаҳои пешакии тадқиқот дар доираи ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии Марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин тарзи кор имкон дод, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказро то охири сол бо сифати нисбатан баланд ва ба талабот ҷавобгӯй ба ҷаласаи Шӯрои олимон барои тасдиқ пешниҳод гардад.

2.Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методӣ.

Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолият кард. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шудаанд.

3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ.

Дар доираи корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳо омода намуда, фиристода шуданд.

Дар давоми соли 2017 мутахассисони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳояҳои давлатӣ 49 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 796 саҳифа пешниҳод намуданд.

ба Вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

–гузориш доир ба масъалаҳои берунсозии шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 (Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– гузориш роҷеъ ба лоиҳаи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин (Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон );

–гузориш доир ба мавзӯи “Таҳкими робитаҳои стратегии эҷоди шабакаҳои васеи муносибатҳо аз тариқи чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла дар Ҷопон” (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон );

–гузориши таҳлилӣ доир ба вазъ дар соҳаи амнияту субот дар минтақаҳои СҲШ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои муқовимат ба терроризм (Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–маълумот роҷеъ ба вазъи илм ва корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2016 (Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–гузориш доир ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020 (Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон );

–пешниҳодҳо роҷеъ ба қайдгирии номҳои ҷуғрофӣ, тағйири номи баъзе шаҳру ноҳияҳо (Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–пешниҳодҳо доир ба омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои Сарони СҲШ, ки дар таърихи 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–гузориш аз натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар доираи иҷрои Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020» дар давоми солҳои 2016-2017 (Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–гузориши таҳлилӣ доир ба сабабу омилҳои гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он (Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–гузориш аз ҳамоиши навбатии Гурӯҳи назари стратегии «Русия ва олами ислом» (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

¬– ҷавобҳо доир ба саволномаи гурӯҳи коршиносони хориҷӣ, ки дар доираи 4-уми давраи мониторинги коррупсия дар Тоҷикистон (Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– гузориш оид ба рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми январ–июни соли 2017 (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– маълумот роҷеъ ба Конфронси 13-уми байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва СҲШ» (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– гузориш оид ба вазъи Афғонистон ва атрофи он (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–таҳияи таклифу пешниҳодҳо ба матни суханронии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–лоиҳаи эҳтимолӣ барои иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ки маблағгузории хориҷиро тақозо мекунад (Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–маълумотнома роҷеъ ба муқовимат ба густариши ҷараёнҳои ғайрианъанавии дини ифротгароӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– гузориш аз баргузории Конфронс таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва тундгароӣ» (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– ҳисобот доир ба иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизму терроризм барои солҳои 2016–2020» (Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дар давраи ҳисоботӣ пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти раёсатҳои Марказ боз ҳам бештар ба гузориши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуданд.

4. Иштирок дар Комиссияҳои Ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ.

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас аъзо буда, дар кори онҳо фаъолона ширкат варзиданд:

1. Доир ба масъалаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

2. Доир ба пешниҳод ва мубодилаи иттилоот дар доираи мушовараи АМИТ “Ховар” (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

3. Мониторинг ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёна дар Тоҷикистон (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон).

4. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон).

5. Доир ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ (роҳбарӣ дар доираи Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе).

6. Роҷеъ ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе (комиссияи муваққатии Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе)

7. Доир ба «Ташхиси гендерии қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Шӯрои экспертии назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)

8. Роҷеъ ба «Ҷиҳати барӯйхатгирии номҳои бегонаи мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд» (Кумитаи забон ва итилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

5. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ.

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мактабҳои олии мамлакат амалӣ намуд.

6. Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ.

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад.

Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай ва яке аз муассисони Академияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Бишкек мебошад.

7.Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд.

Дар соли 2017 Марказ як қатор чорабиниҳои илмӣ гузаронид:

Як Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи:

• “Форуми КАМКА (САМСА) бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Афғонистон” (якҷоя бо Фонди Рамсфелди ИМА, 16.06.2017).

Панҷ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯъҳои:

• «Марҳалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: иқтисодиёт, амният, робитаҳои гуманитарӣ» (Конфронси байналмилалӣ, бахшида ба 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, 14.02.2017).

• «20-солагии имзои Созишномаи миёни Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин доир ба коҳишдиҳии мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад» (Конфронси байналмилалии илмию амалӣ, 16.06.2017, якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Вазорати мудофиаи ҶТ).

• «Мубориза бар зидии терроризм ва эктремизм дар Авру Осиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» (Конфронси байналмилалии илмию амалӣ, 29.09.2017).

• «Ҷанбаҳои соҳавии ташаккул ва инкишофи фазои соҳибкорӣ: таҷрибаҳои миллӣ ва байналмилалӣ» (Конфронси байналмилалии илмию амалӣ, 17.11.2017, якҷоя бо GIZ).

• «25 солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80 соли сукунати корегияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Конфронси байналмилалии илмию амалӣ, 24.11.2017).

Чор конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъҳои:

• «Ваҳдати миллӣ–омили муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ, 9.06.2017, якҷоя бо Академияи илмҳои ҶТ).

• «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар» (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10.11.2017, якҷоя бо Академияи илмҳои ҶТ).

• «Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи байналмилалӣ» (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 28.11.2017).

• «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор дар солҳои 2018–2028» (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 29.11.2017).

Се конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи:

• «Мушкилоти амниятии Осиёи Марказӣ: омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои нав» (Конфронси илмию амалӣ, 31.03.2017).

• «Саҳми тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945» (Конфронси илмию амалӣ, 5.05.2017).

• «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм» (Конфронси илмию амалӣ, 16.05.2017, якҷоя бо Вазорати маориф ва илми ҶТ).

Понздаҳ мизи гирд дар мавзӯъҳои:

• «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Мизи гирд, бахшида ба Соли ҷавонон, 2.02.2017).

• «Қувваҳои Мусаллаҳ сипари таъмини амнияту субот» (Мизи гирд, 23.02.2017).

• «Осори Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа» (Мизи гирд, 13.03.2017).

• «Наврӯз падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» (Мизи гирд, 15.03.2017, якҷоя бо Академияи илмҳои ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ).

• «Рушди фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии наврӯзӣ» (Мизи гирд, 17.03.2017).

• «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” (Мизи гирд, 21.09.2017).

• «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» (Мизи гирд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, 03.10.2017).

• «Тоҷикистон–2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо» (Мизи гирд, 06.10.2017).

• «Даъвати куҳансолон барои истифодаи дониш, истеъдод ва таҷрибаашон дар рушди ҷомеа» (Мизи гирд, 14.10.2017).

• «Таъмин ва назорати маводи доруворӣ дар Тоҷикистон» (Мизи гирд, 30.11.2017).

• «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Мизи гирд, 30.11.2017) .

Тибқи нақшаи солонаи Марказ то охири сол боз як конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва чор мизи гирд баргузор мешавад:

• «Равандҳои муҳоҷират дар ҷаҳони муосир» (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 22.12.2017). • «Муҳити тиҷоратӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: арзёбиҳои соҳавӣ ва минтақавӣ» (Мизи гирд, 19.12.2017).

• «Бахши бонкии Тоҷикистон: имкониятҳои рушди дарозмуддат» (Мизи гирд, 14.12.2017).

• «Амнияти иттилоотӣ: мушкилот ва дурнамо» (Мизи гирд, 29.12.2017).

• «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: вазъият ва дурнамо» (Мизи гирд, 29.12.2017).

Гузоришҳо аз семинару конфронс ва мизҳои гирд дар воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, дар сомонаи МТС гузошта шудаанд. Дар ин давра кормандони МТС дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, низ ширкат варзида, бо 67 маърӯза суханронӣ намуда ва беш аз 305 мусоҳиба ба воситаҳои ахбори омма доданд.

8. Фаъолияти нашриявӣ.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои «Шиорҳо дар боби Ваҳдати миллӣ аз Паём ва суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон» (бахшида ба 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ) дар ҳаҷми 20 саҳифа ва “Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби Наврӯз” дар ҳаҷми 80 саҳифа (ҳар ду китоб бо теъдоди 250 нусхагӣ) нашр карда, ба вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Марказ силсилаи маводи таблиғотиро таҳия ва ба чоп расонид, аз ҷумла:

• “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (38 саҳифа, бо теъдоди 150 адад).

• “Наврӯзи ҷаҳонӣ (128 саҳифа).

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ” (32 саҳифа).

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба даҳсолагии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (27 саҳифа бо теъдоди 200 нусха).

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба муносибати “Рӯзи Президент” (28 саҳифа).

Дар давраи ҳисоботӣ китобҳои «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма» (муаллиф муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров, Душанбе, «Ирфон», 2017, 290 саҳ.), «Ҷойҳои кории пурмаҳсул барои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон» (муаллиф: муовини директори Марказ Фарида Муминова, Душанбе, «Бонки Осиёгии Рушд», 260 саҳ.) ба нашр супорида шуд. Дар баробари ин, дастури иттилоотии «Ислом муқобили террор» (муаллиф: сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Ҳаким А.Р (дар ҳаммуаллифӣ, Душанбе, «Паёми ошно», 2017, 92 саҳ.) ва “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳалли проблемаҳои глобалии марбут ба об” (муаллифон: муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Умед Давлатов ва мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Муҳаммад Амирхонов, Душанбе, “Тоҷикдипсервис”, 72 саҳ.) аз чоп баромад.

Дар ин давра шумораҳои №1 (56)-и маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» дар ҳаҷми 22 мақола ва №2 (57) дар ҳаҷми 27 мақола ба табъ расиданд. Барои шумораи №3 (58)-и нашрияи мазкур дар ҳаҷми 36 мақола барои чоп омода шудааст. Тамоми маводи воридшуда барои маҷалла тавассути барномаи “Антиплагиат” гузаронида мешаванд. Дар соли ҳисоботӣ беш аз 78 мақолаи илмӣ тавассути ин барнома санҷида шуд.

9. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо.

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон низ робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ дорад.

10. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён.

Дар соли 2017 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 97 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 45 нафар, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон 58 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷкистон 14 нафар, Донишгоҳи идоракунии давлатӣ 20 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатиии Москва ба номи Ломоносов 31 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 1 нафар, Донишгоҳи тиҷорат ва иқтисодии шаҳри Гомели Ҷумҳурии Белорус 4 нафар, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, дар маҷмӯъ, 271 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

11. Сомонаи интернетии Марказ.

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ ва хабарҳоро ҳамарӯза, гузоришу суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва китобҳои Марказро ҷой дода шудааст. Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ беш аз 400 мақолаву матолиби гуногун илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дар бахши забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд. Имсол кори сомона хеле фаъол гашта онро рӯзе 1000 то 1500 хонанда аз назар мегузаронад. 12.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ.

Дар давоми сол роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ ва минтақаҳо беш аз 380 буд. Онҳо дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ доир ба фаҳмондадиҳии Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Восеъ, Данғара, Ёвон, Мурғоб, Норак, Роштқалъа, Ҷ.Расулов, Рашт, Рӯдакӣ Файзобод, Қӯрғонтеппа, Қубодиён, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Шуғнон, дар маҷмӯъ, дар 18 шаҳру ноҳия суҳбатҳои пурмазмун гузарониданд.

Барои бақайдгирии номҳои ҷуғрофӣ кормандони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бохтар, Вахш, Гулистон, Қубодиён, Лахш, Мастчоҳ, Носири Хисрав, Хуҷанд, Шаҳритӯс, Ховалинг, Зафаробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷалолуддини Балхӣ сафари хидматӣ анҷом дода, феҳристи ҷойномҳоро таҳия ва тартиб доданд ва ба Кумитаи давлати забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 180 саҳифа мавод пешниҳод намуданд.

Роҳбарият ва кормандони Марказ дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вахш, Исфара, Қубодиён, Қӯрғонтеппа, Носири Хусрав, Нуробод, Рӯшон, Хоруғ, Фархор, Ховалинг ва Шуғнон, сафари хидматӣ анҷом додаанд.

Кормандони Марказ дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ бахшида ба даҳсолагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ: Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Данғара, Дарвоз, Конибодом, Муъминобод, Масчоҳ, Носири Хусрав, Ҷаббор Расулов сафари хизматӣ анҷом доданд.

Доир ба нақши Конститутсия, Рузи Президент, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди кишвар кормандони Марказ дар силсилаи макомоту идораҳо суханрониҳо намуданд.

13. Такмили ихтисоси кормандони Марказ.

Дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароитҳо мавҷуд аст. Кормандони Марказ ба таври пайваста сатҳи илмию тахассусии худро баланд мебардоранд.

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ семинарҳои илмию назариявӣ баргузор мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ семинарҳои назариявӣ дар ин мавзӯъҳо гузаронида шуданд: «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон: дастовард ва ояндабинӣ»; «Вазъу ояндабинии рушди низоми бонкии кишвар»; «Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии кишвар»; «Низоми андозбандии кишвар: вазъ ва самтгирии такмил»; «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ», “Сиёсати давлатии ҷавонон: вазъ ва дурнамо” бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуданд.Дар ин семинарҳо намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори назди Ҳукумати ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар хориҷи кишвар Москва, Санкт-Петербург, Остона, Бишкек, Пекин, Вашингтон ва якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси худро такмил доданд, – гуфт дар охири гузориш Худобердӣ Холиқназар.

Сипас аъзои Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон файласуфи маъруф, академик Кароматулло Олимов ва дигарон дар бораи бурду бохти фаъолияти илмиву тадқиқотии Марказ дар соли 2017 фикру андешаҳои муфид баён намуданд ва фаъолияти ин ниҳоди муҳими назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қаноатбахш ҳисобиданд. Таъкид шуд, ки Марказ ҳамчун ниҳоди илмиву машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судманд дорад.

Баъдан аъзоёни Шӯрои олимон нақшаи кории илмиву тадқиқотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2018 мавриди баррасӣ қарор доданд ва пас аз ба эътибор гирифтани фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳо онро тасдиқ намуданд.

Масъалаи сеюми ҷаласа қабули унвонҷӯён ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ҷаласа шаш нафар пажӯҳишгари ҷавон ба ҳайси унвонҷӯйи Марказ пазируфта шуд.

Мавзӯъҳои рисолаҳои илмӣ ва роҳбарони илмии онҳо низ тасдиқ гардиданд.

Ҳамин тавр, ҷаласаи Шӯрои олимонро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст намуда, доир ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок кардани кормандони Марказро дар оғози соли 2018 тақозо намуд.

Хадамоти матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон