Асосӣ: Навигариҳо КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӣ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӣ ДАР ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО»
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз900
mod_vvisit_counterДирӯз1152
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6455
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22434
mod_vvisit_counterҲамагӣ1315101
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
21
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӣ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӣ ДАР ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО»

29.12.2017

Имрӯз, 29 декабри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, коршиносон, ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамгироӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва мушкилоти дар ин соҳа мавҷудбударо хеле муҳиму актуалӣ арзёбӣ кард ва изҳори умед намуд, ки ҳамоиши имрӯза барои пешрафту тараққиёти кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, бахши якуми ҳамоиши илмиву амалӣ таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти старатегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров таҳти унвони “Масъалаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоюлҳои он дар шароити муосир” ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров дар мавзӯи “Дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”, раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов дар мавзӯи «Арзёбии вазъи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он”, директори созмони ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ–Тоҷикистон» Азимҷон Сайфиддинов дар мавзӯи «Зарфиятҳои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва густариши он дар шароити муосир». муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ниҳодҳои динӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» маърӯзаи илмӣ намуданд. Баъдан пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.

Бахши дуюми Конфронс таҳти унвони “Масъалаҳои усулии таъмини амнияти иттилотӣ дар шароити муосир” идома ёфт ва онро низ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров барандагӣ кард. Иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Шаҳло Акобирова дар мавзӯи «Иттилоот ва беиттилоотӣ ангезандаҳои таҳдидкунанда ба амният дар асри ХХI», ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи дини Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Виркани Музаффарпур дар мавзӯи «Омили динӣ дар низоми амнияти иттилоотии Тоҷикистон», мутахассиси пешбари Раёсати таъмини иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Мирзоев дар мавзӯи «Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Табассум Соҳибназар дар мавзӯи «Дипломатияи иттилоотӣ ҳамчун самти авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутахассиси пешбари Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сино Шукуров дар мавзӯи «Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию равонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо рағбати калон шуниданд. Сипас ҳозирин дар бораи маърӯзаҳои ироашуда фикру андешҳои судманд иброз карданд.

Аз ҷониби иштирокчиён ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ ва дар фазои иттилоотӣ таъкид гардид. Дастовардҳои давраи Истиқлолият тақозо доранд, ки муносибати давлат бо созмонҳои ҷамъиятӣ боз ҳам беҳтар гардида, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, экологӣ ва ғайра истифода бурда шаванд. Қайд карда шуд, ки вазъи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Бояд донишгоҳ ё академияи пурқуввати рӯзноманигорӣ барои омода кардани кадрҳои баландихтисос барои тамоми воситаҳои ахбори омма дошта бошем, зеро замони набардҳои иттилоотӣ фаро расидааст ва бе кадрҳои варзидаву соҳибназар ва ҳирфавӣ манфиатҳои миллии худро ҳифз кардан ғайри имкон аст.

Ҳамоиши илмиву амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни нишаст барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Конфронси ҷумҳуривии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро баргузор гардид ва масъалаҳои муҳиму мубрами таъмини амнияти иттилоотиро ба миён гузошта, роҳу воситаҳои ҳаллу фасли онҳоро нишон дод.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон