Асосӣ: Навигариҳо МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛИ 2017-И КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз299
mod_vvisit_counterДирӯз391
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта299
mod_vvisit_counterДар ин моҳ21812
mod_vvisit_counterҲамагӣ1191516
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛИ 2017-И КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11.01.2018

Тибқи нақшаи тасдиқдкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2017, №24/10-579, дар санаи 10 январи соли 2018 маҷлиси ҷамъбастии соли 2017-и кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллоев ширкат варзид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, дар бораи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2017 ба таври мухтасар гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ карда, дар асоси ин Паёмҳо нақша-чорабиниҳои фаъолияти солонаи худро таҳия ва мавриди иҷро қарор медиҳад. Тамоми тадқиқот ва гузоришҳои кормандони Марказ дар соли 2017 ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030 нигаронда шуда, ба вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда мутобиқати том доранд. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш мебарад.

Дар давоми соли 2017 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1. Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ.

Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2017 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

• Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2017 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот дар мавзӯъҳои зерин гузаронида мешавад:

• омӯзиш ва таҳлили вазъикунунии амнияти минтақавӣ ва муайян кардани самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ;

• равандҳои муосир дар байни ҷавонон ва масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда;

• амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор; • низоми таъмини амнияти иттилоотӣ дар раванди амалишавии сиёсати хориҷӣ.

2.Натиҷаҳои илмии (дастовардҳои моҳиятан нав) дар соли 2017 ба даст овардашуда.

Дар бахши сиёсӣ корҳои илмию тадқиқотӣ дар панҷ самт гузаронида шуданд:

Аз рӯйи мавзӯи «Хатарҳо ва таҳдидҳои асосии минтақавӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисоботи фосилавии «Омӯзиш ва таҳлили вазъикунунии амнияти минтақавӣ, муайян кардани самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ» иҷро карда шуд. Дар ин тадқиқот самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ, омилҳои асосии муноқишадори минтақавӣ, хусусан водии Фарғона, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили паҳнкунии ғояҳои радикализми динӣ ва экстремизм, масъалаи қочоқи маводи мухаддир ба ҳайсияке аз омилҳои асосии ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти минтақавӣ таҳдидкунанда, муайян карда шуданд. Натиҷаҳои дар рафти тадқиқот ба даст овардашуда метавонанд ба равандҳои зерин мусоидат намоянд: таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳияи барнома, консепсия ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи мушкилоти амнияти миллӣ ва минтақавӣ; муайян кардани таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва равандҳои бо онҳо вобаста.

• Аз рӯйи мавзӯи «Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди амалишавии он дар ҷаҳони таҳаввулёбанда» ҳисоботи фосилавии «Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда» иҷро карда шуд,ки дар 25 соли Истиқлолият сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мактаби комили сиёсӣ ва таҷрибаи идоракунӣ табдил гашта, асосҳои назариявӣ, меъёрҳои арзишӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, авлавиятҳо ва самтҳои асосии он шакл гирифтанд. Исбот шуд, ки маҳз татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии манфиатмеҳвар ва консепсияи сиёсии «дарҳои боз» манфиатҳои миллии Тоҷикистонро таъмин намуда, вобастагии сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои амнияти миллиро нишон медиҳад. Консепияи нави сиёсати хориҷӣ сиёсати хориҷии кишварро ба талабот ва таҳдидҳои бароянда аз вазъияти нави геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир мутобиқ ва ҷавобгӯ гардонида, манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои нишондодашуда ҳифз ва амалӣ менамояд; татбиқи муваффақонаи дипломатияи дуҷониба, бисёрҷониба, иқтисодӣ, муносибатҳо дар соҳаи об, фарҳангию башардӯстона ва иттилоотӣ боис мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор касб карда, Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва амнияти миллии кишварро дар сатҳи зарурӣ ҳифз намоем.

• Муайян карда шуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият давраҳои асосии ташаккули худро аз сар гузаронида, идомаи мантиқии рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо васеъ намудани доираҳо ва коркарди самтҳои нави таҳкими дипломатияи тоҷик вобаста буда, натиҷаҳои ба даст овардашуда рушди сифатии сиёсати хориҷӣ ва татбиқи беҳтари самтҳои онро таъмин хоҳад кард; татбиқи дипломатияи иқтисодӣ илова бар муаррифии имкониятҳои иқтисодии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ, таваҷҷуҳ ба солимсозии фазои сармоягузорӣ дар дохили кишвар низ муҳим буда, боиси ташаккули эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ва таҳкими иқтисодиёти миллӣ мегардад; зарфиятҳои дипломатияи фарҳангӣ васеъ буда, ба кор гирифтани онҳо метавонад дар муаррифии симои тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мутамаддини муосир,ки он боиси тағйири муносибати ҷаҳониён нисбати кишварамон ва рушди муносибатҳои инсонӣ, фарҳангӣ, илмӣ, сайёҳӣ ва ғайра мегардад; дипломатияи муносибатҳо дар соҳаи об на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, балки ҷанба ва аҳамияти бузурги сиёсӣ дошта, ба раванди устуворшавии ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол, баробарҳуқуқ ва соҳибташаббуси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккули имиҷи кишвари осудаву некманзар таъсири ҷиддӣ гузошта, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об бахши ҷиддие аз талошҳои Пешвои миллат барои рушду устувории давлатдории миллии тоҷикон ва тасдиқи мақоми байналмилалии он мебошанд;дар шароити асри иттилоотию шиддатёбии набардҳои иттилоотӣ рушди дипломатияи иттилоотӣ барои коҳиши таъсири таҳдидҳои иттилоотӣ аҳамияти ҳаётӣ дошта, он бояд на танҳо хусусияти дифоӣ ва вокунишӣ, балки ҳамчунин хусусияти хабарсозӣ, арзишофарӣ,

тасаввурсозӣ ва ҳатто ҳуҷумкунандагӣ дошта бошад, зеро пас аз дар фазои иттилоотӣ ҷой гирифтани маводи манфӣ нисбат ба Тоҷикистон, таъсири маводи ҷавобӣ нисбат ба таъсири маводи чопшудаи аввал хеле камтар ва баъзан бар зарари кор аст.

Аз рӯйи мавзӯи «Равандҳои сиёсати дохилӣ ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисоботи ҷории «Равандҳои муосир дар байни ҷавонон ва масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»таҳия гардид. Дар натиҷаи тадқиқот тасдиқ гардид, ки тамоюлҳои гуногун дар муҳити ҷавонони Тоҷикистон ҷараён дошта, таҳқиқи равандҳо ва манбаъҳои такондиҳандаи онҳо барои дарки дурусти масъала ва ҳамзамон барои мудирияти муваффақонаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар шароити заруриро ба вуҷуд оварда,таҳлили равандҳои сиёсию идеологӣ дар муҳити ҷавонон барои силсилаи иқдомҳо дар самти таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таъсири мусбат мерасонад; исбот карда шуд, ки зарфиятҳои ватанӣ ва фарҳангу маърифати миллӣ дар самт додани муҳити ҷавонон ба таври комил истифода нашуда, иқдомҳои ҷиддӣ чун шаклҳои муосири шуурофарӣ, ҳавасмандкунӣ ва мудирияти соҳа бо дарназардошти фарогир шудани ҷомеаи иттилоотӣ ва таъсири фарҳангу ҷаҳонбинии бегона хеле муҳим мегарданд: омилҳои калидӣ – дар муқовимат бо таъсири бегонапарастӣ рақобатпазир будани ғояи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад; бо сабаби маҳдуд ва номуайян будани салоҳиятҳои бахшҳои маҳаллии мақомоти маҳаллӣ амнияти мардум зери таъсири омилҳои зикршуда хоҳад монд; бе ислоҳоти соҳаи ВАО-и ватанӣ низ дар кишварамон нигоҳ доштани ҷавонон мушкил шуда, муҳоҷирати меҳнатӣ ҷавонони деҳоти кишварро сироят намуда, силсилаи мушкилотро ба вуҷуд овардааст; чомеа дар маҳалҳо ба бунёди мактабҳои типи нав, ба илму ихтироот ҷалб намудани ҷавонону наврасон, баланд бардоштани малакаҳои ҳаётии онҳо ба хотири рушди худшиносии миллии онҳо зарурат пайдо кардааст.

• Ҳамчун қисми мавзӯи «Амнияти иҷтимоӣ чун омили устувории ҷомеа ва рушди миллӣ дар Тоҷикистон»ҳисоботи фосилавии «Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор» иҷро карда шуд, ки ҷанбаҳои назариявии масъалаҳои амнияти иҷтимоиро чун яке аз меъёрҳои асосии нигаҳдории суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа муайян карда, ба хулосае омадем, ки омилҳои манфие, ки айни ҳол дар соҳаи иҷтимоӣ (илм, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират) вуҷуд доранд, метавонанд таъмини амнияти иҷтимоиро халалдор созанд; тасдиқ карда шуд, ки бартараф намудани ин монеаҳо барои таъмини амнияти иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гашт; барои ҳалли мушкилот амалӣ гардидани нишондодҳои "Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030" дар соҳаи иҷтимоӣ; ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани захираи зеҳнии ҷумҳурӣ; амалӣ гардидани меъёрҳои асосии шохиси рушди инсонӣ дар самти таҳсилот ва саломатии шаҳрвандон хеле муҳим арзёбӣ шудаанд.

• Дар бахши иқтисодӣ аз рӯйи се самт тадқиқот гузаронида шуд,ки дастовардҳои асосии онҳо чунинанд:

Аз рӯйи мавзӯи «Баҳогузорӣба вазъ ва механизми таъмини амнияти сармоягузорӣ дар кишвар»ҳисоботи фосилавии «Арзёбӣ ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки бештар ба таҳлили тамоюлҳои муосири сармоягузорӣ дар асоси коркарди маълумоти васеи вазъи соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат (ҳамбастагии сармоягузориҳо бо ҳаҷмҳои истеҳсолу фурӯши маҳсулоту хизматрасонӣ, теъдоди кормандон, сатҳи ҳосилнокии меҳнат ва музди меҳнат) дар давраи миёнамуҳлат, такя мекунад.

Муайян карда шуд, ки вазъи амнияти сармоягузорӣ мураккаб буда, бо чунин таҳдиду хатарҳо пайваст аст: самаранокии пасти истеҳсолот (ҳаҷми ками маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, натиҷаҳои молиявӣ, ҳиссаи зиёди корхонаҳои аз фаъолият бозмонда); ҳолати ғайри қаноатбахши воситаҳои асосӣ (сатҳи пасти таҷдиди воситаҳои асосӣ, суръати пасти афзоиши фондҳо, фарсудашавии зиёди воситаҳои асосӣ); ҳолати буҳронии авзои инноватсионӣ (шумораи ками корхонаҳое, ки ба навоварӣ таваҷҷуҳ медиҳанд, маблағгузории кам ба технологияҳои нав); номукаммалии қонунгузориҳо оид ба истифодабарии маблағҳои фонди истеҳлок, ки боиси ғайримақсаднок истифода гардидани маблағҳои ҷамъшуда гардидааст. Дар ин раванд таваҷҷуҳ ба арзёбии нишондиҳандаҳои мушаххас (индикаторҳои) дараҷаи таҳдиду хатар дар раванди баҳогузории амнияти сармоявӣ дода шудаст. Зарурати ташаккули механизми арзёбии амнияти сармоягузорӣ дар сатҳи кишвар, соҳаҳою минтақа ва ширкату корхонаҳо асоснок карда шуда, тарзи баргузории чунин баҳогузориҳо пешниҳод шудаст.

Аз рӯйи мавзӯи «Баҳогузорӣ ба вазъ ва механизми мониторинги амнияти озуқаворӣ» ҳисоботи фосилавии «Арзёбӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷро карда шуд, ки дар он таҳлили ҳамгироии рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, низоми инфрасохтори кишвар таъмин шуда, масъалаҳои номутаносибии рушд дар байни соҳаҳою минтақаи кишвар гузошта шуданд. Дар ин раванд арзёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар миқёси минтақаҳои кишвар имкон дод, ки низоми фаъолиятҳои мушаххас, аз ҷумла дастгирии ташаккули кластерҳо ва бозори молиявӣ дар кишвар, асоснок карда шавад. Маҷмӯи пешниҳодоти тадқиқот бо таҳлили имконияту эҳтиёҷоти комплекси агросаноатии кишвар дар маблағгузорӣ ва таъминоти нақлиётӣ низ пайваст мебошанд. Идомаи ислоҳот бо таваҷҷуҳ ба неруи мақомотҳои маҳаллии идоракунӣ, такмили механизмҳои мониторинги амнияти озуқаворӣ бо таъмини фаъолияти дастаҷамъии мақомотҳои идоракунии давлатӣ тавсия мегардад.

Аз рӯйи мавзӯи «Мониторинги монеаҳои маъмурӣ дар инкишофи соҳибкории истеҳсолӣ» ҳисоботи ҷории «Арзёбӣ ва мониторинги фаъолнокии соҳибкорӣ ва фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ба ҷо оварда шуд, киба омӯзишу таҳлили фаъолнокии соҳибкорӣ ва муҳити сармоявӣ (дар миқёси 5 соҳаи асосӣ: саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ) бо кӯшиши арзёбии нуқтаҳои ҳассоси заъфи рушди соҳибкорӣ такя кард. Дар ин раванд самтгирии тадқиқот бо таҳлили тамоюлҳои соҳавии рушди фаъолияти соҳибкорӣ бо асосноксозии имконияту самтҳои такмили фазои соҳибкорӣ пайваст гардид. Муайян карда шуд, ки масъалаҳои устувории молиявии фаъолияти соҳибкорӣ, сатҳи даромаднокии маҳсулоту хизматрасонӣ хеле ҳассос буда, амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳоро дар самти ташаккули манфиатҳои солим дар ҳисобботдиҳӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ талаб менамояд. 3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ.

Дар доираи корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳоомода намуда, фиристода шуданд.

Дар давоми сол мутахассисони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 49 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 796 саҳифа пешниҳод намуданд.

4. Иштирок дар Комиссияҳои Ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ.

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас аъзо буда, дар кори онҳо фаъолона ширкат варзиданд.

5. Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ.

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад.

Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай ва яке аз муассисони Академияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Бишкек мебошад. 6. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд.

Дар соли 2017 Марказ як қатор чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла як форуми байналмилалӣ, панҷ конфронси байналмилалӣ, чаҳор конфронси илмиву амалиии ҷумҳуриявӣ, се конфронси илмиву амалӣ, понздаҳ мизи гирд гузаронид. Дар ин давра кормандони МТС дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, низ ширкат варзида, бо 67 маърӯза суханронӣ намуда ва беш аз 305 мусоҳиба ба воситаҳои ахбори омма доданд.

7. Фаъолияти нашриявӣ.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои «Шиорҳо дар боби Ваҳдати миллӣ аз Паём ва суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон» (бахшида ба 20 солагии ҷашниВаҳдати миллӣ) дар ҳаҷми 20 саҳифа ва “Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби Наврӯз дар ҳаҷми 80 саҳифа (ҳар ду китоб бо теъдоди 250 нусхагӣ) нашр карда, ба вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Марказ силсилаи маводҳои таблиғотиро таҳия ва ба чоп расонид, аз ҷумла:

• “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (38 саҳифа, бо теъдоди 150 адад);

• “Наврӯзи ҷаҳонӣ” (128 саҳифа);

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ” (32 саҳифа);

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба даҳсолагии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (27 саҳифа бо теъдоди 200 нусха);

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба муносибати “РӯзиПрезидент” (28 саҳифа).

Дар давраи ҳисоботӣ китобҳои «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма» (муаллиф: муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров, Душанбе, «Ирфон», 2017, 290 саҳ.), «Ҷойҳои кории пурмаҳсул барои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон» (муаллиф: муовини директори Марказ Фарида Муминова, Душанбе, «Бонки Осиёгии Рушд», 260 саҳ.) ба нашр супорида шуд. Дар баробари ин, дастури иттилоотии «Ислом муқобили террор» (муаллиф: сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо (дар ҳаммуаллифӣ, Душанбе, «Паёми ошно», 2017, 92 саҳ.) ва “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳалли проблемаҳои глобалии марбут ба об” (муаллифон: муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Умед Давлатов ва мутахассиси пешбар Муҳаммад Амирхонов, Душанбе, “Тоҷикдипсервис”, 72 саҳ.) аз чоп баромад.

Дар ин давра шумораҳои №1 (56)-и маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» дар ҳаҷми 22 мақола, №2 (57) дар ҳаҷми 27 мақола, шумораи №3 (58)-дар ҳаҷми 36 мақола ба табъ расиданд. Шумораи 4-уми нашрия барои омода шудааст.

8. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо.

МТС-и назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон (Полша) низ робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ дорад.

9. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён.

Дар соли 2017 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 97 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 45 нафар, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон 58 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 14 нафар, Донишгоҳи идоракунии давлатӣ 20 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатиии Москва ба номи Ломоносов 31 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 1 нафар, Донишгоҳи тиҷорат ва иқтисодии шаҳри Гомели Ҷумҳурии Белорус 4 нафар, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Ф едератсияи Русия, дар маҷмӯъ, 271 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

10. Сомонаи интернетии Марказ.

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ ва хабарҳоро ҳамарӯза, гузоришу суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва китобҳои Марказро ҷой дода шудааст. Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ беш аз 225 мақолаву матолиби гуногун илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дар бахши забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд. Алҳол кори сомона хеле фаъол гашта, онро рӯзе 1000 то 1500 хонанда аз назар мегузаронад.

11.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ.

Дар давоми сол роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ ва минтақаҳо беш аз 400 буд.

12. Такмили ихтисоси кормандони Марказ.Дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароитҳо мавҷуд аст. Кормандони Марказ ба таври пайваста сатҳи илмию тахассусии худро баланд мебардоранд. Дар соли 2017 унвонҷӯёни Марказ муваффақиятҳои назаррас доштанд. Як нафар рисолаи докторӣ дар Академияи илмҳои ҶТ ва ду нафари дигар рисолаҳои номзадии худро дар шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург ҳимоя карданд. Як нафар ба вазифаи баландтар ба Маҷлиси миллӣ ва як нафар ба Вазорати корҳои хориҷӣ ба кор рафтанд. Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар хориҷи кишвар Москва, Санкт-Петербург, Остона, Бишкек, Пекин, Вашингтон ва якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон таҳсил намуда, забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси худро такмил доданд.

Сипас иштирокчиёни ҷаласа пиромуни бурду бохтҳои фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ташкилии Марказ фикру андешаҳои ҷолиб баён карда, барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Мушвири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллоев фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, онро қаноатбахш ҳисобид.

Зимнан қайд кард, ки соли гузашта беш аз 270 нафар дониҷӯйи мактабҳои олии ватаниву хориҷӣ дар ин дар ин ниҳоди муҳими давлатӣ таҷриба омӯхтанд. Бисёр хуб мешуд, ки минбаъд бештар донишҷӯёни бахшҳои журналистикаи мактабҳои олии кишварамон дар Марказ таҷриба андӯхта, маҳорати таҳлилиашонро такмил медоданд, зеро дар Тоҷикистон рӯзноманигорони таҳлилгари мавзӯъҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ангуштшуморанд. Дар охир Масрур Абдуллоев ба тамоми кормандони Марказ дар ҷодаи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ташкиливу тарғиботӣ барори кор таманно намуд.

Маҷлиси ҷамъбастиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҷаласа барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон