Асосӣ: Амнияти минтақавӣ
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз136
mod_vvisit_counterДирӯз1614
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4033
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25546
mod_vvisit_counterҲамагӣ1195250
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
20
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Амнияти минтақавӣ
Дар Душанбе саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ баррасӣ гардид

29.05.2018

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ якҷо бо Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Россия» дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории конфронс хабар медиҳад, дар ҷаласа олимон, коршиносон, таҳлилгарони масоили Афғонистон ва минтақа, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ ва ҳимояи ҳуқуқу тартибот ва хадамоти махсус, ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар мақсади асосии конфронсро нишон додани саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия

Муфассал...
 
Инъикоси масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар Паёми Пешвои миллат

19.01.2018

Таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар алоқамандӣ бо вазъияти ҳарбиву сиёсии Афғонистон аз масъалаҳое мебошанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи суханрониҳои дар сатҳи дуҷонибаю бисёрҷониба бо сарони давлатҳои хориҷии дуру наздик, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари минтақавӣ, ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ҳангоми вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат, конфронсу форумҳои гуногуни байналмилалӣ, Паёмҳои ҳамасола ва мусоҳибаҳо бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ба он ишора мекунанд. Ин масъала, аз ҷумла, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтааст. Чунончи, дар Паём омадааст: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Муфассал...
 
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР АВРУОСИЁ

02.10.2017

Чунонки хабар дода будем, 29 сентябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» баргузор гардид. Дар кори Конфронс намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, дипломатҳои сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарияти Котиботи СААД (ОДКБ), Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС) ва инчунин, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат варзиданд.

Ҷаласаи пленарии Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ мавзӯи мушкилоти амниятӣ дар АвруОсиё, омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои навро муҳиму мубрам арзёбӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР АВРУОСИЁ: ТАҲДИДҲОИ УМУМӢ ВА ТАҶРИБАИ МУШТАРАК»

Имрӯз, 29 сентябри соли 2017, соати 9.00, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар кори Конфронс намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, дипломатҳои сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарияти Котиботи СААД (ОДКБ), Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС) ва инчунин, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Ҷаласаи пленарии Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ мавзӯи мушкилоти амниятӣ дар АвруОсиё, омилҳои

Муфассал...
 
ВАСИЛАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ

Шиддати шомилшавии ҷавонони мамлакатамон ба гурӯҳҳою созмону ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ дар солҳои 2016–2017 нисбат ба солҳои 2014–2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паст шудааст. Яке аз омилҳои поён рафтани тамоюли шомилшавии ҷавонон ба сафи чунин созмонҳо тақвияти ҳамкорӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои марбутаи кишвар, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мебошад.

Тундгароӣ ин навъи фаъолиятест, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шарҳвандро поймол намуда, ба сохтори конститутсионӣ ва системаи сиёсӣ, ягонагӣ ва бехатарии Ҷумҳурии Точикистон таҳдид менамояд. Терроризм бошад, аксаран дар байни ҷавонони бемаълумот, ки зери таъсири андешаҳои ғайрианъанавӣ меафтанд, бештар реша давондааст.

Дар ҷаҳони муосир мубориза бар зидди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИИШ) муборизаи зиёд бурда мешавад. Ҳанӯз вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои Ховари Миёна, ба монанди Сурия, Ироқ, Яман, Миср, Ливия, Афғонистон ва Покистон ноором аст. Шаш соли охир дар Сурия ва Ироқ ҷангҳои хунин идома доранд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 4