Асосӣ: Навигариҳо
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз142
mod_vvisit_counterДирӯз1614
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4039
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25552
mod_vvisit_counterҲамагӣ1195256
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
20
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Навигариҳо
Дар Душанбе Конференсия бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман ба кор шурӯъ мекунад

20.06.2018

Баъд аз чанд лаҳза дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кохи Сомон» Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман ба кори худ шурӯъ мекунад.

Дар Конференсияи байналмилалии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд ба шаҳри Душанбе роҳбарони як зумра давлатҳо, аз ҷумла, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер

Муфассал...
 
ОБ МАНБАИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

07.06.2018

Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ташкили ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада мебошад. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.

Баъд аз қабули Қатъномаи зикршудаи Маҷмаи умумии СММ бештар як сол сипарӣ гардид. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор иқдомоти муассиреро дар доираи чорабинии мазкур ба нақша гирифт. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои вобаста ба обро омӯхта баромада, чорабиниҳои мушаххас созмон диҳанд. Вобаста ба ин дар сатҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷаласаҳои коршиносону олимон гузаронида шуданд.

Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар

Муфассал...
 
Мулоқоти роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон

30.05.2018

Рӯзи 29 майи соли 2018 мулоқоти роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти сарварии Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши ин кишвар генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқадимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки мардуми Покистону Тоҷикистон аз қадимулайём дӯсту бародар буда, риштаи дӯстиву рафоқати онҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид. Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистон ба василаи асноди қарордодиву ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудаанд. Дар замони Истиқлолияти давлатии кишварамон байни давлатҳои Тоҷикистон ва Покистон беш аз 50 санади муҳим ба имзо расидаанд.

Сипас Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии

Муфассал...
 
МУЛОҚОТ БО ДОНИШМАНДИ АМРИКОӢ

25.05.2018

Рӯзи 24 майи соли соли 2018 мулоқоти кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишманди маъруфи эронитабори амрикоӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи Оҳаёи ИМА Суҳроби Беҳдод баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, меҳмони олиқадрро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт. Сипас дар назди ҳозирин профессор Суҳроби Беҳдод дар мавзӯи "Муносибатҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марҳилаи нав" суханронӣ намуд. Сипас донишманди амрикоӣ ба суолҳои гуногуни ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод.

Дар поёни мулоқот муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба профессор Суҳроби Беҳдод барои маърӯзаи илмии пурмуҳтаво арзи сипос намуда, мулоқотро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кард.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ "ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ–АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН"

16.05.2018

Рӯзи 16 майи соли 2018 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Ташаккули модели рушди индустриалӣ–аграрии кишвар"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, донишмандону коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимнан қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон бояд дар ояндаи наздик аз кишвари аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ табдил дода шавад. Аз ин рӯ, сиёсати иқтисодии давлати мо, пеш аз ҳама, барои амалӣ гардидани ин масъалаи муҳим равона карда шудааст. Аз ин нуқтаи назар конфрониси имрӯза, ки ҷанбаҳои асосии ташаккули механизму шароитҳои таъмини рушди индустриалию аграрии кишвар ва дарёфти роҳҳои такмили низоми рушди иқтисод ва пешбурди ислоҳоти соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 58