Асосӣ: Маркази матбуот
+++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз725
mod_vvisit_counterДирӯз1805
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта725
mod_vvisit_counterДар ин моҳ41682
mod_vvisit_counterҲамагӣ1815075
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
19
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот
КУМАКИ ХАЙРИЯ БА НИЁЗМАНДОН

16.08.2019

Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати дастгирии ниёзмандон сармашқи фаъолияти худ қарор дода, кумаки хайрия намуданд.

Рӯзи 16 августи соли 2019 намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки хайрияи кормандони Марказро, ки аз маводи гуногуни хӯрокворӣ иборат буд, ба маблағи беш аз 1 ҳазору 500 сомонӣ ба тарбиягирандагони мактаб-интернати таҳсилоти асосии №4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супориданд.

Директори мактаб-интернати мазкур Рухшона Маҳмуродова зимни қабули кумаки хайрия ба ҳайати намояндагони Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Муфассал...
 
НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2019

26.07.2019

Рӯзи 26-уми июли соли 2019 Нишасти матбуотии Маркази тадқикоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти матбуотиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, намоядагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва тарғиботиву ташкилии Марказ дар нимсолаи аввали соли 2018 ба таври мухтасар гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз муассисаҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд. Дар нимсолаи якуми соли 2019 ин муассисаи давлатӣ дар доираи нақшаи корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

Муфассал...
 
МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ

01.07.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 бо хоҳиши Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷаноби Лучиано Калестини мулоқоти роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадқиқотчиёни байналмилалии Донишгоҳи Куинси шаҳри Белфасти Ирландияи Шимолӣ дар ҳайати директори Маркази тадқиқот ва инноватсияҳои иҷтимоӣ, профессор Пол Конноли, омӯзгори калон, доктори илм Сара Миллер, омӯзгори калон, доктори илм Лаура Данни, омӯзгор доктор Никол Крейг, мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ, доктори илм Сиобхан Фитспатрик, муовини мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ Паулин Волмсли баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Диловар Қодирзода дар аввал меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва дар бораи фаъолият ва ҳамкориҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасаран маълумот дод.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БОЗОРИ МОЛИЯВӢ ВА ҶАРАЁНҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ"

28.06.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи "Бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёт, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷуҳи худро ба таъмини молиявии рушду пешрафти иқтисодиёт тавассути бозори молиявӣ ва сармоягузорӣ беш аз пеш равона кардааст.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НЕРУ ВА ИДОРАИ СТРАТЕГӢ"

26.06.2019

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 25 июни соли 2019 конфронси илмию амалиро дар мавзӯи "Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: неру ва ва идораи стратегӣ" баргузор намуд. Дар ҳамоиш мутахассисони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонафрӯз Даринг кушода, зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар асри мусоир ғайр аз дигар таҳдиду хатарҳо хатари норасоии об ё дастрасӣ надоштан ба он ба ташвиш овардааст. Олимон ва мутахассисони соҳа пайваста дар пайдо намудани роҳҳои ҳалли камбуди обро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 27